Милисае, ки ба таҷовуз айбдор мешуд, аз кор озод карда шуд

Милисае аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳимоятгарони ҳуқуқ ӯро дар таҷовузи духтаре айбдор медонистанд, аз кор озод карда шуд, аммо нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.

Мувофиқи тафтиши нав, ки бо дастури Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди милитсия рад карда шудааст.

Сухан дар бораи ҳодисае меравад, ки тобистони соли гузашта дар ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Малика (номи духтар бо хоҳиши худаш тағйир дода шудааст) шикоят кард, ки ӯ аз ҷониби корманди фаврии милитсия таҷовуз шудааст. Иттилоъ дар бораи далели мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ пахш гардид, ки духтар ба он ҷо барои кӯмак муроҷиат кардааст.

«Оғози парвандаи ҷиноятиро рад карданд, бо он асос, ки гӯё аз ҷониби корманди милитсия ҳаракатҳои зӯроварона набудааст, аммо худи ӯро аз мақомот озод карданд»,- хабар дод ба «АП» адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи адвокат, дар дасти ҷониби ҳимоя ва худи ҷабрдида аксҳои нишондиҳандаи гуноҳи кормандони тартиботи ҳуқуқӣ мавҷуд аст. «Дар асоси ин далелҳо мо ният дорем ба Суди ноҳияи Сомонӣ бо дархости ҷуброни зарари маънавӣ муроҷиат намоем»,- гуфт Шарипов.

Тавре қаблан «АП» хабар дода буд, ба гуфтаи адвокат Абдураҳмон Шарипов, ҳодисаи мазкур моҳи июни соли 2016 дар шуъбаи милитсияи «Навобод», ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Маликаи (ном тағйир дода шудааст) таҷовузшудаи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе хушдор дошт. «Ҷавонҳо мехостаанд оиладор шаванд ва ҷавон аз Малика шиносномаашро мегирад. Аммо духтар мефаҳмад, ки хушдораш зан дорад. Ӯ ба хонаи ҷавон меравад, то шиносномаашро гирад. Баъди ин бо ҳамсари ҷавон ҷанҷол мешавад. Ҳамсояҳо милитсия даъват мекунанд. Ҳамаи иштирокдорони ҷанҷолро ба шуъбаи милитсияи “Навобод”, ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ мебаранд»,- изҳор дошт адвокат.

«Дар шуъба фикр мекунанд, ки Малика бероҳа аст ва милисаҳо ба ӯ расидан мехоҳанд. Аввал нозири минтақавӣ расиданӣ мешавад, аммо Малика фарёд мезанад ва аввалӣ ӯро ба корманди фаврӣ месупорад, ки бо таҳдиди «шантаж» ва зӯроварии ҷисмонӣ духтарро таҷовуз мекунад»,- иттилоъ дод Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, баъди фоҷиаи ба сараш омада Малика барои ёрии ҳуқуқӣ ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ муроҷиат кардааст.

Дар торнамои Эътилоф хабар дода шуда буд, ки адвокат ба зинаҳои зарурӣ муроҷиат намудааст, аммо бо сабаби беамалии милитсия ва мақомоти прокуратура маҷбур шудааст ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кунад. Бо сабаби нобоварӣ ба прокуратураи минтақавӣ, адвокат талаб кардааст, ки парвандаи мазкурро Прокуратураи генералӣ тафтиш намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин маълумотро беасос хонданд. «Чунин ҳолат дар мо ба қайд гирифта нашуда буд»,- хабар дод ба «АП» котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

ASIA-Plus