Милисаҳои тоҷик ҳамкасби худро латукӯб карданд

Милисаҳои тоҷик ҳамкасби худро латукӯб карданд

Як корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рудакӣ нисбати ҳамкасбони худ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Қудратулло Хамедов, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамкасбонаш, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Сомонии пойтахт мавриди боздошт ва латукӯби шадид қарор гирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ҷабрдида, ба ТоjNews ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки 3-юми феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зерҳимояашро боздошт карда, чор шабонарӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.

“Қудратулло Хамедов бо яке аз ҳамсояҳояш аз сабаби рафторҳои ахлоқӣ баҳс мекунанд. Вай зан гуфтааст, ки "ман дар боло криша дорам” бин, ки чӣ кор мекунам. Баъд кормандони мақомоти корҳои дохилии Сомонӣ ҳамроҳи он зан ба сари Қудратулло Хамедов рафта, дар шоҳидии ҳамсараш ва дигарон сардори шуъбаи корҳои кофтуковии Рӯдакиро латукӯб карда, илова бар ин, гирифта мебаранд. Ҳамчун амали “авбошӣ” кормандони ШКД-и Сомонӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат мекунанд ва прокуратура парванда боз мекунад. Кормандони корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Қудратулло Хамедовро дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд ва вайро ба шуъбаи корҳои дохилии худашон овардаанд. Гӯё ҳангоми мастӣ Қудратов мизу курсиҳои онҳоро шикастааст. Мо дар рафти суд гуфтем, ки агар дар ҳолати мастӣ боздошт карда бошед, чаро ба беморхона набурдед ё ҷойи дигар...? Ҳоло зерҳимояи ман ба Суди ноҳияи Сомонӣ аз болои ҳамкасбони худ шикоят бурдааст...”,- мегӯяд адвокат.

Гулчеҳра Ташрифова, ҳамсари Хамедов, дар сӯҳбат ба ТоjNews имрӯз, 8-уми феврал гуфт, ки шавҳарашро кормандони корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 32 соат дар маҳкама нигоҳ дошта, ба адвокат ва табибон иҷозат надоданд, то бо вай вохӯранд.

“Ҷигари шавҳарам аз зарби лат варам кардааст, қабурғаҳояш аз зарби латукӯб шикастаанд... Наход барои оромӣ ва риояи одобу ахлоқ ҳарф задан шаҳрвандро мавриди латукӯб қарор диҳанд... Ҳоло шавҳарам аз пайи муолиҷаи саломатиаш аст ва ҳуқуқҳои худро назди қонун ҳимоя мекунад...”,- мегӯяд ҳамсари Қудратулло Хамедов.

Қудратулло Хамедов беш аз 10 сол собиқаи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва рутбаи капитани милитсияро дорад.

Шиканҷа ва латукӯби боздоштшудагон дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ ҳодисаи анъанавӣ дониста мешавад, аммо ин ҳодисаи аввалин аст, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳамкасбони худ мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ТоjNews гуфтанд, ки аз ин қазия хабар доранд, аммо бе иҷозати роҳбарият қазияро шарҳ дода наметавонанд. 

Ҳарамгули ҚОДИР, TojNews