Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 10-уми феврали соли 2020. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» 21-уми феврали соли 2020 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бахшида ба рӯнамоии натиҷаҳои ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таъсис ва амалисозии институтҳои ташхисҳои судии ғайридавлатӣ ва анҷоми фаъолияти лоиҳавии «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа» мизи гирд баргузор менамояд.
Мақсади мизи гирд рӯнамоии натиҷаҳои таҳлили санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Қирғизистон, Гурҷистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо дар самти таъсис ва амалисозии институтҳои ташхисҳои судии ғайридавлатӣ ва натиҷаҳои анҷоми фаъолияти лоиҳавии «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа» аст.
Ба мизи гирд намояндагони Прокуратураи генералӣ, ВА ҶТ, ВКД ҶТ, ВТҲИА ҶТ, СРИҶҶ ВА ҶТ, марказҳои ташхиси судӣ-тиббӣ, омӯзгорони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, адвокатҳо, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигарон даъват шудаанд.
Макони баргузории мизи гирд - Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза», оғоз аз соати 09:00-и пагоҳирӯзӣ.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед: Парвина Наврӯзова, узви Гуруҳи кории назди ВТҲИА ҶТ ва ҳамоҳангсози лоиҳа, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», тел: +992 93 555 86 56, e-mail: p.navruzova@gmail.com