Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

26-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Муколамаи дуюм миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар кори Муколама намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ (Парлумон), Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии инноватсия, Агентии назорати маводи мухаддир, инчунин созмонҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, коршиносон, дипломатҳо ва намояндагони ҷавонон иштирок доштанд.
Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад ва «Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути васеъ кардани иқтидори Ваколатдор, мустаҳкамсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазири дар ҳабс нигоҳдоришваванда», ки аз тарафи Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мегардад, ташкил карда шуд. Ҳамкорӣ инчунин бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда шуд.