Мулоҳизаҳои ҷамъбастии Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ: дастурҳо оид ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

Дар соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастиро нисбати гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қабул намуд. Дар маркази таваҷҷуҳ кафолатҳои асосӣ қарор доштанд - ҳуқуқ ба ҳаёт, ки дар моддаи 6-и Паймон муқаррар шудааст ва манъи мутлақи шиканҷаву муносибати бераҳмона, ки дар моддаи 7 муқаррар гардидааст. Тавсияҳои Кумита барои амалияи миллии ҳуқуқистифодабарӣ стандартҳои мушаххаси ҳуқуқиро муайян карданд.

Дар мавриди ҳуқуқ ба ҳаёт, Кумита ба уҳдадории давлат барои таъмини ҳимояи самараноки ҳаёти шахсони дар ҳабс қарордошта ишора намуд. Ин маънои онро дорад, ки на танҳо бояд ба ҳолатҳои аллакай рухдодаи фавт вокуниш нишон дода шавад, балки сабабҳои системавие, ки ба чунин ҳолатҳо оварда мерасонанд, низ бартараф гарданд: нокифоя будани таъминоти тиббӣ, дер ташхис шудани бемориҳо, аз ҳад зиёд пур будани муассисаҳо ва дигар омилҳои хавф. Уҳдадории давлат хусусияти пешгирикунанда дорад ва талаб менамояд, ки қарорҳои системавӣ барои пешгирии талафот қабул карда шаванд, на танҳо дар баррасиҳои баъдӣ.

Дар мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ ба манъи мутлақи шиканҷа аҳамияти махсус дода шудааст. Кумита зарурати омодасозии системавии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти амниятро оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва таъмини муносибати инсондӯстона таъкид намуд. Ғайри қобили қабул будани истифодаи далелҳои зери шиканҷа ба даст овардашуда дар суд зикр гардид. Ин манъсозӣ бояд на хусусияти эъломиявӣ, балки амалӣ дошта бошад ва бо амалияи судӣ тасдиқ гардад.

Кумита инчунин ба зарурати таъсиси механизми самараноки тафтиши мустақили ҳамаи аризаҳо дар бораи шиканҷа ишора намуд, ки бояд таъқиби ҷиноятии шахсони гунаҳкор ва ҷуброни пурраи зарар ба қурбониён, аз ҷумла офиятбахшӣ ва пардохти ҷубронпулиро таъмин намояд. Мазмуни ҳуқуқии ин тавсияҳо дар таҳкими кафолатҳои мурофиавии баррасии одилонаи судӣ ва бартараф намудани беҷазоӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба такроршавии қонуншиканиҳо ифода меёбад.

Дар доираи Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2020-2025 тадбирҳо оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мониторинги манъи истифодаи далелҳои зери шиканҷа ба даст овардашуда пешбинӣ гардидаанд. Ҳамзамон, татбиқи минбаъдаи тавсияҳои Кумита тақвияти институтсионалӣ ва татбиқи пайдарпайи меъёрҳои аллакай қабулшударо талаб мекунад. Муқаррароти Стратегияи миллӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон то соли 2038 барои ташаккули муносибати системавӣ ба ин масъалаҳо замина фароҳам меоранд.

Имрӯз мулоҳизаҳои ҷамъбастии Кумита аҳамияти худро ҳамчун роҳнамои ҳуқуқӣ нигоҳ медоранд. Ҷорӣ намудани системаи ҳамаҷонибаи пешгирии фавт дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, гузаронидани тафтиши ҳатмӣ ва мустақили ҳамаи ҳолатҳои фавт ва аризаҳо дар бораи шиканҷа, таъсиси механизми институтсионалии мустақили тафтиш ва таъмини ҷуброни пурраи зарар ба қурбониён ва оилаҳои онҳо - ҳамаи ин талаботе мебошанд, ки аз уҳдадориҳои вобаста ба Паймони байналмилалӣ бармеоянд.

Татбиқи пайдарпайи ин стандартҳо шарти мутобиқ гардонидани амалияи миллӣ ба уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи инсон дар ситемаи адолати судии ҷиноятӣ ба шумор меравад.

NotortureTj