Муроҷиати ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба СУТ

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба нигаронии аҳолӣ аз ҳолати эпидемиологӣ дар кишвар бо мактуб ба намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар ҶТ муроҷиат карда, дархост намудаанд, ки тавсияҳои онҳо ба назар гирифта шавад.

- Таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб менамоем, ки дар арафаи ташрифи ҳайати СУТ санаи 30-юми апрели соли 2020 мақомоти кишвар 15 ҳолати бемории COVID-19-ро тасдиқ карданд, вале мо чунин мешуморем, ки ҳолатҳои воқеии беморӣ бештаранд,- менависанд муаллифони муроҷиатнома.

Онҳо зикр мекунанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии паҳншавии вирус, дар самтҳое чун эълони таътили иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бастани бозорҳои ғайрихӯрока, тавсияҳои риояи масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷониби аҳолии кишвар нақзи ҳамаи ин чораҳо мушоҳида мешавад. «Ин пеш аз ҳама ба мавҷуд набудани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ дар мавриди фаҳмонидани хатари вирус ва муҳимияти риояи чораҳои эҳтиёткорӣ вобаста аст»,- менависанд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.

- Ба ғайр аз ин,- идома медиҳанд муаллифон,- иттилооти зидду нақизи вобаста ба таъмини кормандони тиббӣ бо либосҳои ҳимояткунандаи лозимӣ ва дигар воситаҳои ҳимоякунанда дар заминаи воситаҳои донории ба Тоҷикистон воридгардида барои пешгирии паҳншавии коронавирус нигарониро ба бор меорад. «Бино ба иттилои ВАО, ба кормандони тиббӣ зарур аст, ки аз ҳисоби худ ниқоб, воситаҳои безараргардонӣ ва либоси ҳимоявӣ харидорӣ намоянд. Дар баъзе минтақаҳои кишвар аҳолӣ баҳри харидории васитаҳои ҳимоявӣ барои кормандони тиббие, ки дар нуқтаҳои карантинӣ кор мекунанд, маблағ ҷамъ меоранд. Мавҷуд набудани ҳимояи зарурии кормандони тиббӣ хатари олудашавии онҳо ва паҳншавии вирусро ба миён меорад»»,- зикр гардидааст дар мактуб.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳайати баландпояи СУТ даъват ба амал меоранд, ки:

1. Ба шикоятҳои табибон дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба фурӯхтани таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ (ТМШ)-и ба сифати ёрии башардӯстона гирифташуда таваҷҷуҳ дода шавад.

2. Барномаи ташвиқи кормандони тиббие, ки дар нуқтаҳои карантинӣ ва бо мизоҷони аз COVID-19 сироятёфта кор мекунанд, омода карда шавад.

3. Ба омӯзиши кормандони тиббие, ки бо мизоҷони аз COVID-19 сироятёфта кор мекунанд, дар мавриди усулҳои пӯшидан ва бехатар баровардани ТМШ аҳамият дода шавад. Тибқи стандартҳои муассисаҳои тиббӣ нуқтаҳои сурх ва сабзе ташкил карда шаванд, ки онҷо имкони ворид шудану табобати мизоҷони аз пневмония ва COVID-19 сироятёфта вуҷуд дошта бошад.

4. Барои кормандони тиббӣ ҷойи истироҳат ташкил карда шавад. Агар корманди тиббӣ давоми муҳлати муайян дар муассисаҳои тиббӣ дар карантин бошад, бояд дастрасӣ ба воситаҳои зарурии гигиенӣ ва истироҳат таъмин карда шавад.

5. Барои омадани табибон аз кишварҳои дорои таҷрибаи мубориза бо COVID-19 - Ӯзбекистон, Италия, Россия, Чин мусоидат карда шавад. Барои таъмини машваратҳои телевизиониву онлайнӣ ва муколамаи зинда миёни табибони клиникавӣ, ҳамарӯза бо гуруҳи калидии ҳамоҳангсози табибони клиникавӣ (на мансабдорон) кӯмак расонида шавад.

Инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост мекунад, ки тавсияҳо ҳангоми мулоқот бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Ҳукумати ҶТ ба назар гирифта шаванд:

- Тавсия дода шавад, ки дар мавриди таъмини бехатарӣ аз сироят дар муассисаҳои пӯшида, аз ҷумла оид ба ихтисори шумораи маҳбусон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, пурзӯр намудани пешгирӣ ва бехатарии истиқоматкунандагони муассисаҳои дорои низом ва маҳбусони муассисаҳои пӯшидаи системаи Вазорати адлия, КДАМ, хонаи пиронсолон, хонаҳои кӯдакон, беморхонаҳои руҳӣ, қисмҳои низомӣ ва ғайра чораҳои фавриву самаранок андешида шаванд.

- Ба мақомоти расмии Тоҷикистон тавсия дода шавад, то ба боздоштгоҳҳое, ки шуораи нигоҳдоришавандагон аз ғунҷоиши расмӣ зиёд аст ва ҷое, ки ғунҷоиши расмӣ дар асоси метрҳои мураббаъ барои инсон ба назар гирифта мешаваду ба масофагирии иҷтимоӣ тибқи дастурамали стандартӣ барои аҳолӣ ва дар умум имкон намедиҳад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

- Тавсия дода шавад, ки ҷиҳати қабули усулҳои алтернативии дастгирии тамоси маҳбусон бо оилаҳояшон ва муҳити беруна, масалан, тариқи телефон, интернет/почтаи электронӣ, тамоси видеоӣ ва дигар роҳҳо ба таври ройгон чораҳо андешида шаванд. Ба мақомоти расмии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки сиёсати шаффофи иттилоотиро дар мавриди ҳолати COVID-19 ба роҳ монанд.

- Тавсия дода шавад, ки дар самти гузаронидани корҳои пешгирӣ миёни аҳолӣ, паҳнсозии иттилоот, кӯмак баҳри таъминот бо ТМШ ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пурзӯр карда шавад.

- Тавсия дода шавад, ки системаи вокуниши сареъ ва пешниҳоди маълумоти дақиқу фаврӣ барои ВАО ва рӯзноманигорон ташкил карда шавад.

Бо дарназардошти он, ки СУТ дар нақши ҳомии саросарии эътимоднокии иттилооти тиббӣ-санитарӣ баромад намуда, бо давлатҳо барои мустаҳкамсозии механизмҳои таъсис, табодул ва истифодабарии манбаҳои баландсифати иттилоотӣ ҳамкорӣ мекунад, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳайати СУТ хоҳиш дорад, ки аз муассисаҳои тиббӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳотии зерин дидан намояд:

- Маркази тандурустии №1-и шаҳри Душанбе (беморхона дар 1-ум Советский).

- Беморхонаи сироятӣ дар Зарафшон, шаҳри Душанбе.

- Институти гастроэнтерологии шаҳри Душанбе.

- Беморхонаи «Истиқлол», шаҳри Душанбе.

- Беморхонаи «Шаҳраки шифобахш» (Қарияи боло).

Ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ:

- Беморхонаи маҳбас дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи тобеи марказ.

- СИЗО-и КДАМ, дар шаҳри Душанбе.

- Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2-и шаҳри Ваҳдат, ноҳияи тобеи марказ.

- Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, бо суроғаи ш. Хуҷанд, 8-ум микрорайон.

NoTorture.Tj