Мурофиаи судии собиқ нозири минтақавии Ёвон дар арафаи анҷомёбист

Мурофиаи судии собиқ нозири минтақавии Ёвон дар арафаи анҷомёбист

Мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ нозири минтақавии милисаи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки ба то худкушӣ оварда расонидан, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ айбдор карда мешавад, дар арафаи анҷомёбист.

Рӯзи 6-уми сентябр дар бинои Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон мурофиаи судии мазкур пушти дарҳои пӯшида доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов хабар дод, айбдоршаванда аз суд дархост намудааст, ки бегуноҳии ӯ эътироф гардида, ҳуқуқ ва ваколатҳояш барқарор ва аз толори суд озод карда шавад.

«Айбдоркунандаи давлатӣ, муовини прокурори ноҳияи Ёвон А.Қосимов аз суд дархост кард, ки Алиев дар содир намудани ҷиноёти пешниҳодшуда айбдор дониста шуда, ба муҳлати ҳашт сол аз озодӣ ва ишғоли мансаби давлатӣ ба муддати 5 сол маҳрум карда шавад», - гуфт Романов.

Интизор меравад, ки имрӯз ҳукми суд нисбат ба айбдоршаванда содир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон оварданд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад.