Article Pages

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн...

24.06.2024 - 19:58

Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.          

24.06.2024 - 10:55

Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.              

23.06.2024 - 10:48

20-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!», ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи...

22.06.2024 - 14:46

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.                

22.06.2024 - 10:37

20-уми июни соли 2024 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе вохӯрии омӯзишгарони системаи ҷамъоварии маълумот оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 20 нафар иштирок доштанд, дар шакли омехта - офлайн ва онлайн дар платформаи Zoom баргузор шуд. Ҳадафи вохӯрӣ муайян кардани меъёрҳои интихоби платформаи ҷамъоварии маълумот буд. Вазифаҳои зерин гузошта шуданд...

21.06.2024 - 10:09

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад (22 майи соли 2016). Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии...

21.06.2024 - 09:55

Бо натиҷаҳои мониторинги мурофиаҳои судие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудааст, дар зер метавон шинос шуд: 2021: Дар давраи ҳисоботӣ дар мурофиаҳои судӣ аз рӯйи 4 парванда 23 мушоҳида гузаронида шуд. Хулосаҳои асосӣ: Аз 23 мурофиаи судӣ танҳо 5-тояш дар вақти эълоншуда оғоз...

21.06.2024 - 09:51

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон нақша дорад, ки дар Тоҷикистон чанд мизи мудаввар баргузор намояд, то мушкилот ва монеаҳо дар қонунгузорӣ ва иҷрои қонун дар масоили марбут ба озодӣ аз шиканҷа баррасӣ гарданд. Нахустин чорабинии ин силсила - мизи мудаввар дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ аз он ва амалисозии механизмҳои тафтишот” рӯзи 1-уми июл дар...

21.06.2024 - 09:43

Фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар замони буҳронӣ, дар ҷаласаи солонаи ин созмон, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин самтҳои стратегии фаъолият ва зарурати таҳияи стратегияи нави Эътилофро баррасӣ карданд. Нурмаҳмад Халилов, директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», роҳбари Эътилофи...

20.06.2024 - 10:57

Страницы