Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Шароити нигоҳдорӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Тоҷикистон бо қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, қонунҳо "Дар бораи нигоҳдории гумонбарон, айбдоршавандагон ва судшавандагон" ва "Дар бораи муассисаҳои ислоҳӣ", инчунин дигар меъёрҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон танзим карда мешавад. Дар баробари онҳо, тавсияҳои №33-34-и Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мавҷуданд, ки ба шароити нигоҳдорӣ, хизматрасонии тиббӣ, ҳуқуқҳои маҳбусон, ҷудо кардани категорияҳои гуногуни дар ҳабс қарордоштагон, мукотиба ва мулоқот дахл доранд. Бо вуҷуди мавҷудияти заминаи меъёрӣ, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ қайд мекунанд, ки шароити воқеӣ дар бисёр муассисаҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест ва ислоҳоти системавиро талаб мекунад.
Тавсияҳои №33 ва №34, ки бар асоси ваколати Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва амалияи байналмилалӣ таҳия шудаанд, зарурати муносибати инсондӯстона бо шахсони дар ҳабс қарордошта, аз ҷумла манъи мутлақи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таъмини шароити манзилии муносиб, хӯрок, либос, равшанӣ, вентилятсия ва гармидиҳиро таъкид мекунанд. Ба ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ диққати махсус дода мешавад, ки бояд аз ҷиҳати сифат бо хизматрасонии тиббии ба аҳолии одӣ пешниҳодшаванда муқоисашаванда бошад ва ниёзҳоро дар самти солимии рӯҳӣ ба назар гирад. Стандартҳои байналмилалӣ инчунин ҳуқуқи маҳбусонро ба вохӯрӣ бо хешовандон ва адвокатҳо, мукотиба, дастрасӣ ба иттилоот, имконияти машғул шудан ба фаъолияти ҷисмонӣ ва ибодати динӣ муқаррар мекунанд. Онҳо инчунин ҷудосозии ҳатмии шахсонро аз рӯи ҷинс, синну сол, мақоми мурофиавӣ ва хусусияти ҷинояти содиршуда талаб мекунанд.
Бино ба маълумоти ҳимоятгарони ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ, вазъият дар зиндонҳои Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад. Дар бораи аз ҳад зиёд пур шудани тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, бахусус дар Душанбе, сифати ғайри қаноатбахши ғизо, дастрасии маҳдуд ба ёрии тиббӣ, норасоии доруворӣ ва мутахассисон, инчунин мушкилот дар гирифтани ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва ташкили мулоқотҳо хабар дода мешавад. Бо вуҷуди мамнуиятҳои қонунӣ, расидани хабарҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, асосан дар марҳилаи тафтишот бо мақсади ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ идома дорад.
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баъди баррасии гузориши даврии сеюми Тоҷикистон баъзе беҳбудиҳоро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қайд кард, аммо ҷиддан изҳори нигаронӣ намуд, ки шароит то ҳол ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Миёни мушкилоти асосӣ аз ҳад зиёд пур шудани камераҳо, шароити маишии ғайри қаноатбахш, аз ҷумла хӯрокворӣ, гармидиҳӣ, вентилятсия ва таъминоти санитарӣ-гигиенӣ, дастрасии маҳдуд ба табобати бемориҳои сироятӣ, имкониятҳои нокифоя барои сайругашт, кор, барномаҳои офиятбахшӣ ва боздидҳои оилавӣ зикр гардиданд. Кумита ба вазъияти муассисаҳои занона, ки дар онҳо норасоии кормандон ва ғизои нокифоя муаяйн карда шудааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар тавсияҳои худ Кумита даъват намуд, ки шароити нигоҳдорӣ ба Қоидаҳои Нелсон Мандела мутобиқ карда шуда, равшанӣ, вентилятсия, шароити санитарӣ, гармидиҳӣ, хӯроки босифат, кат ва ашёи гигиенаи шахсӣ таъмин гардад, инчунин дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, сайругашт дар ҳавои кушод ва мулоқот бо хешовандон таъмин карда шавад. Дар мавриди маҳбасҳои занона беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ ва афзоиш додани шумораи кормандони соҳибихтисос мувофиқи Қоидаҳои Бангкок тавсия дода шуд. Кумита инчунин ба зарурати назорати паҳншавии бемории сил ва ВИЧ/СПИД, ҷудо кардани маҳбусони бемор аз солим, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ҳангоми ворид гардидан ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва таъмини табобати махсусгардонидашуда таъкид намуд.
Шумораи зиёди маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ мушкилоти иловагиро дар масоили манзил ва назорат, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини шуғл ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ, инчунин таъмини бехатарии ҳам маҳбусон ва ҳам кормандони системаи пенитенсиарӣ ба вуҷуд меорад. Вазъият дар робита ба табобати шахсони гирифтори сил ва сирояиёфтаи ВИЧ, таъмини ғизои кофӣ ва шароити маишӣ душвор боқӣ мемонад. Ҳамзамон мушкилот дар таъминоти иҷтимоӣ ва бехатарии кормандони муассисаҳои пенитенсиарӣ зикр карда мешаванд.
Мушкилоти иловагии боқимонда иборатанд аз фарсуда шудани таҷҳизоти муҳофизӣ ва назоратӣ, ки татбиқи технологияҳои муосирро талаб мекунад, инчунин набудани муассисаи алоҳида барои нигоҳдории афроде, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд. Айни замон чунин маҳбусон дар қитъаҳо дар ҳудуди муассисаҳои амалкунанда нигоҳ дошта мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ нест. Мақомот оид ба нақшаҳои сохтани муассисаи алоҳидаи ислоҳӣ барои ин категорияи маҳбусон хабар доданд.
Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар тавсияҳои ҷамъбастии худ ба Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 2019 инчунин дар мавриди аз ҳад зиёд пур шудани маҳбасҳо, шароити бади моддии нигоҳдорӣ, сатҳи баланди нишондоди сироятёбӣ аз ВИЧ/СПИД ва сил дар байни маҳбусон ва набудани ёрии тиббии муносиб изҳори нигаронӣ кард. Кумита тавсия дод, ки чораҳои муассир барои коҳиш додани аз ҳад зиёд пур шудани зиндонҳо, аз ҷумла тавассути истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо, инчунин тақвияти талошҳо барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ ва таъмини ёрии тиббии саривақтиву босифат мувофиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии муносибат бо маҳбусон андешида шаванд.
Қоидаҳои ҳадди ақали стандартӣ оид ба муносибат бо маҳбусон, ки аз ҷониби СММ соли 1955 қабул ва баъдан нав карда шудаанд, эътироф менамоянд, ки татбиқи онҳо метавонад аз сабаби тафовут дар шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ душвор бошад. Ҳамзамон, онҳо зарурати пайваста талош кардани давлатҳоро барои бартараф намудани монеаҳои амалӣ ва таъмини шароити ҳадди ақали нигоҳдорӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ аз нигоҳи ҳуқуқи инсон қобили қабул дониста мешаванд, зикр мекунанд.