Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини назорати риояи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъсис дода шудааст. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 20-уми марти соли 2008 қабул шудааст, муқаррар гардидааст.
Ваколатдор фаъолияти худро мустақилона анҷом дода, бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.
Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи шаҳрвандон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф нақши муҳим мебозад. Дар доираи ваколатҳои худ, он шикоятҳои шаҳрвандонро дар бораи поймол шудани ҳуқуқҳояшон баррасӣ менамояд, мониторинги шароити нигоҳдорӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодиро мегузаронад ва бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барои санҷиши далелҳои эҳтимолии шиканҷа ҳамкорӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, ин ниҳод унсури муҳими системаи миллии пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад.
Раванди баррасии шикоятҳо аз замони ворид гардидани онҳо оғоз мешавад. Шикоятҳо метавонанд аз ҷониби худи ҷабрдидагон, инчунин намояндагони онҳо, аз ҷумла адвокатҳо ва ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ пешниҳод карда шаванд. Имконияти муроҷиати шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд, махсусан муҳим аст, зеро хусусан онҳо дар гурӯҳи хатараш бештаранд. Баъди ворид гардидани шикоят, он ба қайд гирифта ва таҳлили ибтидоӣ барои муайян кардани мавҷудияти нишонаҳои нақзи ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи навбатӣ Ваколатдор қобили қабул будани шикоятро баҳогузорӣ намуда, дар бораи зарурати гузаронидани санҷиш қарор қабул мекунад. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки парванда аллакай дар истеҳсолоти мақомоти тафтишотӣ ё суд аст, Ваколатдор ҳуқуқ дорад назоратро аз болои риоя шудани ҳуқуқҳои шикояткунанда амалӣ намояд.
Дар доираи санҷиш ваколатҳои пешбининамудаи қонун, аз ҷумла фиристодани дархостҳо ба мақомоти давлатӣ, гирифтани маълумоти зарурӣ, инчунин боздид аз ҷойҳои маҳдудият аз озодӣ - тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ истифода бурда мешаванд.
Аз рӯйи натиҷаи баррасии шикоятҳо Ваколатдор бо мақомоти салоҳиятдор, пеш аз ҳама бо прокуратура ва мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ карда, ба онҳо муроҷиат, хулоса ва тавсияҳо мефиристад. Сарфи назар аз надоштани ваколати оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, Ваколатдор метавонад барои гузаронидани санҷиш ва муваффақ гардидан дар самти ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон талош намояд. Самти муҳим назорати ҷараёни тафтишот, аз ҷумла риояи муҳлатҳо, қонун ва роҳ надодани фишор ба аризадиҳандагон ба шумор меравад.
Фаъолияти Ваколатдор ҳам тибқи қонунгузории миллӣ ва ҳам мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид ва Конвенсияи зидди шиканҷа, ки уҳдадории давлатро барои таъмини тафтишоти самаранок ва пешгирии беҷазоӣ муқаррар мекунанд, асос ёфтааст.
Дар баробари баррасии шикоятҳои инфиродӣ, Ваколатдор инчунин вазифаи пешгирикунандаро иҷро мекунад. Он аз гузаронидани мониторинги мунтазам, муайян кардани мушкилоти системавӣ, омодасозии тавсияҳо барои амалӣ намудани қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқистифодабарӣ, инчунин маърифати ҳуқуқӣ иборат аст.
Гузаронидани мониторинг бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хоса дорад, зеро он ба боло рафтани шаффофият ва беғаразии санҷишҳо мусоидат мекунад. Гурӯҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар назди Ваколатдор бар асоси низомномаи дахлдор, ки бо қарори №2, аз 31-уми декабри соли 2013 тасдиқ шудааст, фаъолият мекунад.
Ҳамин тариқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи пешгирии шиканҷа бо дарназардошти баррасии шикоятҳо, назорат, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон нақши ҳамаҷониба мебозад. Сарфи назар аз ваколатҳои маҳдуди мурофиавии худ, ин ниҳод унсури муҳим дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа боқӣ мемонад.