Наздикони Икромзода шарҳи расмии ҳалокати ӯро қабул надоранд

Наздикони Икромзода шарҳи расмии ҳалокати ӯро қабул надоранд

Наздикони Икромзода, ки дар маҳбас ба ҳалокат расидааст, хостори таҳқиқи дақиқи марги ӯ шуданд.

Ҳудуди 10 нафар аз сокинони деҳаи Хирманак, бо шумули хешовандони Ҳамза Икромзода дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон (саридораи зиндонҳо) ба нишони эътироз ҷамъ омада, хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари сабабҳои марги ӯ шудаанд. 

Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода рӯзи ҷумъа ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки онҳо аз раҳбари Сарраёсати маҳбасҳо Иззатулло Шарифов тақозо доранд, ки чашм ба чашм ба онҳо дар бораи ҳодисаи марги бародараш шарҳ диҳад ва ходимонеро, ки ба шиканҷаву зӯр даст задаанд, ба ҷазо кашад.
Дилхоҳ Икромзода мегӯяд, се рӯз қабл ҳамроҳи модари солхӯрдааш ва чанд нафари дигар дар назди маҳбаси рақами 1 ҷамъ омада буданд, аммо касе бо додашон нарасид. Вай гуфт, аз радиои “Имрӯз» шунидааст, ки як мақоми саридораи маҳбасҳо гуфтааст, ки «Ҳамза худро ба дор кашидааст».
​​Дилхоҳ Икромзода мегӯяд, чунин ҳарфҳои мақомот хашми пайвандони Ҳамзаро бештар кардааст ва онҳо мехоҳанд огоҳ шаванд, ки дар ивази латукубу азияте, ки бародарашонро додаанд, чаро чунин ҳарфҳоро интишор медиҳанд.
Азиза Асоева, холаи Ҳамза Икромзода гуфт, як намояндаи саридораи маҳбасҳо ба назди онҳо баромада гуфтааст, ки Изатулло Шарифов омодааст онҳоро ба ҳузур пазирад ва ба суолҳои онҳо гӯш диҳад.
Ҳамза Икромзода 20-уми сентябр дар зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе  даргузашт ва дар бадани вай осори азобу шиканҷа ошкор буд.
Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати маҳабсҳо дар иртибот ба ин ҳодиса гуфт, маҳбус Ҳамза Икромзода дар пайи худкушӣ фавтидааст ва осоре, ки дар бадани вай ба мушоҳида расидааст, кори маъмурони боздоштгоҳ набуда, пизишкон ба хотири наҷот додани вай аз усули гарм кардани бадан бо истифода аз зарф (баклашка) ва дастгоҳҳои эҳёгарӣ (электрошок) истифода намуданд, ки дар натиҷа дар бадани марҳум пайи онҳо боқӣ мондааст.
Азиза Асоева, холаи Ҳамза Икромзода мегӯяд, ки даҳҳо акс аз осори шиканҷа ва лату кӯб дар бадани Ҳамза дар даст доранд, ки ба изи электрошок монанд нест. Вай мегӯяд, ки доғи сиёҳ дар ноҳияи камар, зери по, пушт ва зонуҳои Ҳамза  бозгӯи он аст, ки ӯро бисёр азият додаанд ва бар асари латукӯб ҷон додааст.

 

Торнамои радиои Озодӣ