Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Волидони Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбасе дар Душанбе ҳалок шуд, мегӯянд, бо имзои Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, нома дарёфт кардаанд. Дар ин нома гуфта шудааст, ки қазияи марги Ҳамза Икромзодаро Додситонии кулл пайгирӣ дорад ва ҳар суолу дархост бояд ба онҳо пешниҳод шавад.
Ин нома, ки ба қавли пайвандони Ҳамза Икромзода санаи 12-уми марти соли ҷорӣ навишта шудааст, рӯзи ҳаштуми апрел ба дасти онҳо расидааст. Волидони Ҳамза мегӯянд, ин номаи Иззатулло Шарипов барояшон ногаҳонӣ буд, зеро онҳо аз оқои Шарипов ба таври хаттӣ дархосте накарда буданд. Илова бар ин, онҳо нигаронанд, ки Иззатулло Шарипов дар оғози номаи худ марги Ҳамзаро “худовезӣ” номидааст.
Ҳамза Икромзода, сокини рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар зиндоне дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, моҳи ноябри соли гузашта ҳалок гардид. Наздикони ӯ бо такя ба қавли бархе аз маҳбусон ва осори шиканҷа дар бадани фарзанди худ мегӯянд, ӯ аз сӯи маъмурони зиндон ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоле ки мақомот ин иддаоро рад карда мегӯянд, ин танҳо як худкушӣ буд. Ҳатто худи Иззатулло Шарипов дар оғози ин қазия гуфта буд, “касеро, ки боиси марги Ҳамза Икромзода шудааст, Худо мезанад”.
Ҳоло волидони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи тафтиши Додситонии кулро мунтазиранд. Ба қавли онҳо, дар сурате ки Додситонии кул ҳам ба додашон нарасад, ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят бурда, қазияи марги писари худро рӯшан хоҳанд кард.