Оҷонсӣ аз посбонҳои бӯстонсарои Зайд хостааст, зидди ӯ ҳарф зананд

Оҷонсӣ аз посбонҳои бӯстонсарои Зайд хостааст, зидди ӯ ҳарф зананд

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод аз посбонҳои бӯстонсарои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, хостаанд, то бар зидди кордеҳашон шоҳидӣ диҳанд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, нимаи дувуми рӯзи 19-уми сентябр гурӯҳи кории Оҷонсии зидди фасод таҳти роҳбарии Зуҳал Раҳимов ба бӯстонсарои зерҳимояашон рафта, посбонҳоро барои шоҳидӣ ба бинои Оҷонсӣ овардаанд. Оқои Зокиров бо такя ба иттилои Субҳон Холмуродов, яке аз посбонҳои бӯстонсаро гуфт, масъулини Оҷонсӣ бо роҳи фишор ва истинтоқ аз онҳо талаб кардаанд, то бар зидди Зайд Саидов шоҳидӣ диҳад.

“Дар умум посбонҳоро се бор ба Оҷонсӣ даъват карданд. Бори нахуст дирӯз аз нисфирӯзӣ даъват карда, то соати 21-и шаб нигоҳ доштанд. Субҳон Холмуродов ба назди мо шикоят оварда гуфт, дар Оҷонсӣ аз ӯ талаб кардаанд, то дар мурофиаи додгоҳӣ шоҳидӣ бидиҳад, ки гӯиё Зайд Саидов ба бӯстонсаро ашхоси бегонаро мебурдааст”,-илова намуд Фахриддин Зокиров.

Ин вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Субҳон Холмуродов ба Додситонии кулли кишвар рафта, аз болои ин ҳодиса шикоят бурдааст. Фахриддин Зокиров мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Оҷонсии мубориза бо фасод бо ин иқдомаш хостори исботи парвандаи марбут ба таҷовуз мебошад: “Гап сари он меравад, ки парвандаи марбут ба ин ҷиноят дар ҳолати ногувор қарор дорад. Ба таҳлили мо, Оҷонсӣ бо роҳи фишор ба посбонҳо мехоҳад далелҳои иловагӣ “пайдо” намояд”,-гуфт Зокиров.

Фахриддин Зокиров афзуд, вакилони Зайд Саидов аз рафти ҳодисаи мазкур ба раисикунандаи мурофиаи додгоҳии парванда -Шавкат Абдулхайров ҳам шикоят бурда, додраси парванда ваъда кардааст, ин ҳолатро ба инобат хоҳад гирифт.

Озодагон