Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи "Дастгирии фаъолиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди волоияти қонун барои ҳама дар Тоҷикистон"-ро оғоз кард.
Ин ташаббус ба тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди адолати судӣ, идоракунии демократӣ ва шартҳои волоияти қонун нигаронида шудааст. Лоиҳа барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри гузаронидани мониторинги мустақили ислоҳот дар бахши адолати судӣ, тақвият додани муколамаи сохторӣ бо мақомоти давлатӣ ва пешбурди тағйирот бар асоси ҳуқуқи инсон, аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038 шароит фароҳам меорад.
Дар доираи лоиҳа дар симои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолоне, ки дар самтҳои ислоҳоти адолати судӣ, мубориза бо коррупсия, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва ғайра кор мекунанд, шабакаи мониторинги умумимиллӣ таъсис додаву дастгирӣ карда мешавад. Иштирокдорон барои гузаронидани мониторинг омӯзиш, роҳнамоӣ ва ёрии методологӣ мегиранд.
Лоиҳа инчунин барои боло будани маърифати ҳуқуқӣ, рушди инъикоси ахлоқии масъалаҳои адолати судӣ ва эҷоди мундариҷаи иттилоотии дастрас барои аудиторияи васеъ тавассути ҷалби рӯзноманигорони мустақил, ВАО-и давлативу хусусӣ ва блогерҳо кумак мерасонад.
Амалисозии лоиҳаи мазкур ба боло бурдани шаффофият ва фарогирии ислоҳот дар самти адолати судии ҷиноятӣ, тақвияти ҳимояи ҳуқуқи инсон ва мутобиқ намудани амалияҳои институтсионалӣ бо стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.