Оғози вохӯриҳои Эътилофи зидди шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инстон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми март, силсилаи вохӯриҳои иттилоотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оғоз мекунанд.

Ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ дар вохӯриҳо стандартҳои ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва шахсони дар ҳабс қарордошта, тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нафарони боздоштшуда, инчунин фаъолият дар самти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо мақсади огоҳонидан аз шиканҷаро баррасӣ мекунанд.

Вохӯриҳо дар шакли муаррифӣ ва баҳсу баррасиҳо сурат мегирад. То охири моҳи май 14 вохӯрӣ дар назар гирифта шудааст.

«Эътилоф чунин меҳисобад, ки ин вохӯриҳо хеле муҳим ва саривақтианд, чун дар ҷараёни чунин чорабиниҳо имкони гуфтугӯ дар бораи стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва озодӣ аз шиканҷа имконпазир аст ва масъалаҳое, ки бо онҳо ҳам намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҳам адвокатҳову ҳуқуқшиносон дучор мегарданд, баррасӣ мешаванд. Мо хушҳолем, ки Вазорати корҳои дохилӣ ин иқдоми Эътилоф ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дастгирӣ намуд ва умедворем, ки имконияти доимӣ гузаронидани чунин чорабиниҳоро хоҳем дошт,- гуфт намояндаи Эътилоф Нигина Баҳриева.

Бояд гуфт, соли 2016 Эътилоф дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ВКД 13 вохӯрии иттилоотонӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои кишвар гузаронида буд, ки дар онҳо зиёда аз 400 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок карда буданд.

Notorture.Tj