Оё муфаттиш ҳақ дорад, ки моҳияти нишондодҳои шоҳидро худсарона таҳриф кунад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нишондоди ман аз ҷониби муфаттиш таҳриф карда шуда, аз эътирофи кирдоре, ки ман содир накардаам, иборат буд ва муфаттиш маро маҷбур кард, ки имзо кунам. Оё муфаттиш ҳақ дорад, ки моҳияти нишондодҳои шоҳидро худсарона таҳриф кунад?

ПОСУХ: Муфаттиш ҳуқуқ надорад моҳияти нишондодҳои шоҳидро таҳриф кунад. Мутобиқи моддаи 56-и КМҶ ҶТ, шоҳид вазифадор аст ҳама чизеро, ки оид ба парванда ба ӯ маълум аст, ҳаққонӣ баён кунаду ба саволҳои додашуда дуруст ҷавоб диҳад ва муфаттиш вазифадор аст, ки онҳоро дақиқу холисона сабт намояд. Таҳрифи нишондодҳо нақзи қонун ба шумор рафта, метавонад боиси ҷавобгарии муфаттиш гардад. Дар сурати дучор омадан бо чунин вазъият тавсия дода мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба адвокат муроҷиат ва аз амали муфаттиш шикоят кунед. Шумо инчунин метавонед ба прокуратура бо ариза дар бораи нақз шудани ҳуқуқҳоятон муроҷиат кунед. Муҳим аст, ки ҳамаи қонуншиканиҳоро сабт кунед ва далелҳои маҷбурсозӣ ё таҳрифи нишондодатонро пешниҳод намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

 +992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj