ОЗОДӢ АЗ ШИКАНҶА ҲУҚУҚИ МУТЛАҚ АСТ!

Дар доираи семинари омӯзишӣ, ки рӯзҳои 29-30-юми августи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба иштиродорон пешниҳод шуд, то ин ки оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матлаби иттилоотӣ омода намоянд. Дар ин силсиламатолиб матлабҳоеро, ки иштирокдорони чорабинӣ омода кардаанд, пешкаши шумо мегардонем.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ  дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои риояи қонунгузории меҳнат, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, амалӣ карда мешавад. Хадамоти мазкур дар фаъолияташ барои назорати таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат, роҳ надодан ба истифодаи меҳнати маҷбурӣ ва табъизи ҳуқуқҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ чораҷуӣ менамояд.  Хадамоти мазкур дар минтақаҳои ҷумҳурӣ соҳторҳо дошта, шаҳрвандон дар сурати зарурат метавонанд ба ин сохторҳо муроҷиат намоянд.

Қонунгузории амалкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат ва роҳ додан ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа ва маҷбурсозӣ дар меҳнат ҷавобгариро пешбинӣ намудааст. Масалан, мутобиқи моддаи 95-107 ва моддаҳои 133- 139 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон, риоя накардани қонунгузорӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла барои беасос бо корманд қатъ намудани шартномаи  меҳнатӣ, бе бастани шартномаи  меҳнатӣ ба кор қабул намудан ва ё бе риоя накардани синну соли муқарраршуда қабул намудан ба кор, яктарафа даст кашидани корфармо аз гуфтушуниди коллективӣ, беасос надодани рухсатии меҳнатӣ ба кормандон, инчунин таъмин накардани дигар кафолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат пешбинӣ намудааст, нисбати шахсони мансабдор ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 як қатор корҳоро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон соли таҳсили 2021-2022 Нақшаи чорабиниҳои сетарафа байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузор намудани вохўриҳо бо хонандагону омўзгорон ҷиҳати ташаккулу камолоти хонандагон, тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динии ба фарҳанги миллии мо бегона, хатари вируси норасоии масунияти одам дар ҷомеа, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба он, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ” тасдиқ гардид.

Дар асоси нақша-чорабиниҳо нимсолаи якуми соли 2022 аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии вазорат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд, муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбии махсуси маъюбон”, “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод”, “Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон” ва “Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон”, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, терроризм, экстремизм, савдои одамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ бо омўзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва хонандагон вохўриву суҳбатҳо баргузор намуда, ин иқдом пайваста идома дорад.

Вобаста ба ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои манъи истифодаи зуроварӣ нисбат ба кўдакон қайд кардан зарур аст, ки теъдоди имрўзаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат 62 ададро ташкил дода, мутахассисонро аз рўи 14 самт ва 97 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ тайёр менамоянд.

Корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат бо назардошти талаботи ҳуҷҷати ниҳоят муҳими давлатӣ - «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар он тамоми самтҳои тарбия ба таври мушаххас инъикос гардидааст, амалӣ  мегардад. Бо ин мақсад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нақшаи кори солонаи корҳои тарбиявиро таҳия намуда, дар Шўрои муҳандисӣ-омўзгорӣ баррасӣ ва тасдиқ менамоянд.

Дар нақшаҳои мазкур қисматҳои тарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ, гуманитарӣ, зебоипарастӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ, экологӣ, сиёсию ҷисмонӣ, касбинтихобкунӣ, тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва тарзи ҳаёти солим ҷой дода шуда, дар папкаи алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

Бо истифода аз муҳтавои ин консепсия тибқи ҷадвали штатӣ назорат ва пешбурди фаъолияти тарбиявӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ ба уҳдаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ вогузор шуда, дар маҷлису ҷамъомадҳои гурўҳӣ ва дарсҳои тарбиявӣ оид ба масъалаи манъи истифодаи зуроварӣ нисбат ба кўдак, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Дар соли 2021 дар муассисахои таълимии системаи вазорат чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ таҳти унвони “Кўдакон ояндаи милатанд”, “Тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кўдакони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ”, “Ҷараёни аз нав бақайдгирии маъюбияти кўдакон ва шахсони маъюб” ва “Имтиёзҳои меҳнатӣ барои шахсони маъюб ва модарони дорои кўдакони маъюбдошта” баргузор гардид, ки масъалаи зуроварӣ нисбат ба кўдакон низ муҳокима гардид.

Инчунин, бо мақсади иҷрои амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим”дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ семинар – машаваратҳо ва вохўриҳо дар мавзўъҳои “Интихоби касбу ҳунар” ва  “Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз” гузаронида шуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон  алоқамандии зич дорад.

Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқҳои худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд ва ба дигар мақомоти ваколатдор муроҷиат намоянд.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти раёсати котибот                                               

Дилором Саломзода 

Имлову услуби муаллиф нигоҳ дошта шудааст.

 Ин маҷмуа дар чаҳорчӯбаи семинари омӯзишӣ барои мутахассисони бахши робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва такмили маҳорат дар инъикоси масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти чорабиниҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода карда шудааст.