Падари Исмонбой соли 7-ум аст, барои муҷозоти омилони марги писараш талош мекунад

Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳанӯз талош дорад, омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Ҷӯрабой Бобоев мегӯяд, онҳо дар мавриди беасар будани тафтишоти парвандаи марги Исмонбой ба Додситонии кулл ариза супурдаанд. Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19 феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфти вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди якшабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст. 

Моҳи марти соли 2010 дар робита ба марги Исмонбой Бобоев шӯъбаи тафтишотии Додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Бар асоси ин парванда, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешуданд. Наздикони Бобоев мегӯянд, ҷараёни тафтишот бо далели гӯиё бемор будани гумонбарон шаш маротиба ба таълиқ афтод. Дар пайи шикояти чандинбора ба Додситонии кулл моҳи октябри соли 2012 тафтишоти ин парванда аз сар гирифта шуд. “Аммо бо қарори ин ниҳод аз 30 октябри соли 2012, 25 феврали соли 2013 ва 1 апрели соли 2014 дар асоси бемории гумонбарон баррасии парванди Усмонбой бори дигар ба таълиқ афтод”,-мегӯяд вакили дифоъ. 

Ба иттилои ӯ, Шӯъбаи тафтишотии ВКД 29 майи соли 2015 гуфтааст, тафтишоти парвандаи мазкур ба ин ниҳод гузаштааст ва то имрӯз ба саволи вакилони мудофеъ ва намояндагон бо такя ба он ки парванда дар баррасӣ аст, ҷавоб надодаанд. 

Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, бар асоси тафтишоти Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон далели ба марг расидани Исмонбой Бобоев дар пайи шиканҷа тасдиқ шудааст. Шоира Давлатова, раҳбари ин марказ низ аз тӯлонӣ шудани раванди тафтишот нигаронӣ мекунад.. Ба қавли ӯ, ВКД ва Додситонии кулл муваззафанд, моддаи 18-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва қабул кардани ҳалнома иҷро намоянд: “Ин уҳдадориҳо баъд аз он ки падари Усмонбой Бобоев моҳи майи соли 2012 аз тариқи вакили мудофеи худ ба додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кард, садо доданд”.

Намояндаи парвандаи Исмонбой гуфтааст, дар натиҷаи ба дарозо кашидани раванди тафтиш саломатии Ҷӯрабой Бобоев сол аз сол бад мешавад. Ба иттилои ӯ, соли 2012 қазияи марги Усмонбой дар гузориши кумита алайи шиканҷаи СММ дарҷ шуда буд. Он замон Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди ин қазия гуфт, тафтишоти ин парванда дар ҳоли баррасӣ аст.

Ozodagon