«Парвандаи фархорӣ» боз ба Прокуратураи генералӣ баргашт

Қаблан мо дар бораи «Парвандаи фархорӣ» ва истифодаи шиканҷа нисбати Файзалӣ Латипов гуфта будем. Парванда дар суд «фурӯ рехт», онро барои тафтишоти иловагӣ баргардониданд, он аз як шуъба ба шуъбаи дигар интиқол ёфт. Баъди «сайр»-и аҷибу пӯшидаи парванда, бо шикояти адвокатҳову хешовандон Прокуратураи генералӣ онро барои қабул намудани қарори ниҳоӣ талаб кард.

Хешовандон ва адвокатҳои Файзалӣ Латипов ва Аваз Юсупов вобаста ба амал (беамалӣ)-и шахсони мансабдори мақомоти тафтишоти пешакии милитсия бо шикоят ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат карданд.

Адвокати Файзалӣ Латипов - Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъмин гардидааст, дар суҳбат зикр намуд, ки интиқоли ногаҳонии парвандаи ҷиноятӣ санаи 23.02.2019 аз Раёсати тафтишодии ВКД ҶТ ба бахши тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархор бидуни хабардор кардани адвокатҳо, хешовандон, ҳатто Прокуратураи генералӣ, ки аз болои тафтишот дар мақомоти милитсия назорат мебарад, сабаби шикоят гардидааст.

Абдураҳмон Шарипов тасдиқ менамояд, ки тафтишот нуҳ меъёри ҷиноятӣ-мурофиавиро нақз кардааст:

- Намояндагони мақомоти тафтишоти пешакӣ ба нақзи талаботи моддаи 9 (Қонуният ҳангоми истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ); моддаи 15 (Эҳтимолияти бегуноҳӣ); моддаи 16 (Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд); моддаи 20 (Баробарҳуқуқии ҷонибҳо); моддаи 21 (Таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва воқеии ҳолатҳои парванда); моддаи 22 (Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳбус); моддаи 47 (Айбдоршаванда); моддаи 53 (Ваколатҳои ҳимоятгар) ва моддаи 174 (Уҳдадории фаҳмонидан ва таъмин намудани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавии ҶТ роҳ додаанд.

Ба гуфтаи адвокат, Прокуратураи генералӣ барои амалисозии санҷиши прокурорӣ дар мавриди иҷрои қонуният ҳангоми гузаронидани тафтишот дар мақомоти милитсия парвандаи ҷиноятиро аз бахши тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархор талаб кардааст.

- 7-уми март парвандаи ҷиноятӣ барои қабул намудани қарори қонунии ниҳоӣ ба Прокуратураи генералӣ баргардонида шуд,- шарҳ дод ҳамсуҳбатамон.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми ноябри соли 2018 Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб таъинот баровард, ки тибқи он парвандаи ҷиноятӣ нисбати Файзалӣ Латипов ва Аваз Юсупов, ки мувофиқи фарзияи тафтишот ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 32, қ. 3-и КҶ ҶТ (Омодагӣ ба ҷиноят ва кӯшиши ҷинояткорӣ) ва моддаи 401 (1)-и КҶ ҶТ (Зархаридӣ), ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо рабт мегирад, барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда буд.

Ҷониби ҳимоя ба боздошти ғайриқонунӣ ва истифодаи шиканҷа нисбати айбдоршавандаҳо ишора карда буд.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

ichrptj.org