Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 25-27 майи соли 2015 дар ш. Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои маҳрумият аз озодии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин лоиҳа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда, ҳадафи он коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида, манъи ҳабси инфиродии ноболиғон, инчунин ҷудо нигоҳ доштани кӯдакон аз калонсолон ва духтарон аз писарон дар тамоми муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад. Тарҳи мазкур дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои миллии ҳомии ҳуқуқи инсон (Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) татбиқ карда мешавад.
Ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона аҳамияти хос дорад. Зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва расидан ба ҳадаф дар зиндагӣ мешавад. Ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур монда, ба қайд гирифта намешаванд. Пажӯҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта назар ба тамоми кӯдакони дигар амалан бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон додааст, ки сарфи назар аз кӯшишҳои давлат, паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.
Дар доираи лоиҳа воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд.
Давраи омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони муассисаҳои пӯшида оид ба масоили ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҳамчунин истифодаи меъёрҳои байнулмилалии муносибат бо кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида равона шудааст.
Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Намояндагии Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ барои созмондиҳии ин давраи омӯзишӣ мусоидат карданд.
Ба ҳайси коршиносони давраи омӯзишӣ ноиби раиси Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ, коршиносони байнулмилалӣ аз Сербистону Қирғизистон ва мутахассисони тоҷикистонӣ даъват шудаанд.
Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) амалӣ месозанд.
Макони баргузории давраи омӯзишӣ: ш. Душанбе, меҳмонхонаи «Serena», хиёбони Рӯдакӣ 14.
Лутфан, барои маълумоти иловагӣ ба Инкара Мукатова, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои PRI муроҷиат кунед - тел./факс: +7 (7172) 79 88 84, 76 99 34, 76 99 35, имайл: imukatova@penalreform.org