Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавриди рафти иҷроиши Эъломияи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар гузориши алтернативӣ пешниҳод карданд.
Гузориш дар якҷоягии гуруҳи ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон - «Маркази ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Лигаи занҳои маъюб «Иштирок», «Ҳаёт дар оила» омода гардидааст. Ҳамоҳангсозӣ, гирдоварӣ ва коркарди маълумотҳо барои гузориш аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» амалӣ карда шудааст.
Гузориш масъалаҳои риояи ҳуқуқи кӯдаконеро, ки ба гуруҳҳои осебпазир дахл доранд, яъне кӯдакони маъюб, кӯдакони муҳоҷирони оилаҳояшонро партофта, кӯдакони беназорат (кӯчагӣ), кӯдакони гуреза, инчунин дигар ҳуқуқҳои мавзуии кӯдак - ҳуқуқи ҳимоя аз шиканҷа ва зӯроварӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ғайраро дар бар мегирад.
Баъди узви Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гардидан дар соли 1993, Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифт, ки ба Кумита дар бораи амалишавии Эъломия гузоришҳои даврӣ пешниҳод намояд. Аввалин гузориши Тоҷикистон ба Кумита соли 2000-ум пешниҳод гардида буд.