Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр ба «Озодӣ» гуфт, ки субҳи ҳамин рӯз ба унвони раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон бо як нома аз вазъи маҳбусони Хуҷанд, ки латту куб ва шиканҷа шудаанд, гузориш додааст.
Вай афзуд, ки дар номаи худ хостори таъсиси як комиссия бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шудааст ва пешниҳод кардааст, ки ӯро ҳам ҳамчун ҳуқуқшинос дар ин комиссия шомил намоянд.
Раҳматулло Зоиров мегӯяд, аз вазъи маҳбусоне, ки аз маҳбаси рақами аввали пойтахт ба зиндони Хуҷанд интиқол дода шуда ва мавриди латту кубу бадрафторӣ қарор гирифтаанд, аз тариқи расонаҳо огоҳ аст. Ба назари ҷаноби Зоиров, агар комиссияи вижа иборат аз намояндагони идораҳои мухталиф созмон дода шуда вориди маҳбаси Хуҷанд шаванд, онгоҳ рӯшан хоҳад шуд, ки асли масъала чӣ аст.
Вай афзуд, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе вазъи маҳбусонро баррасӣ намуда, баёнияи муштарак пахш хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки наздикони чанде аз маҳбусоне, ки дар навори видеоӣ осори латукӯб ва бадрафтории нозирони маҳбаси Хуҷандро нишон дода буданд, мегӯяд, баъд аз пахши ин наворҳо ҳайате аз Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҳбусонро зери фишор қарор додааст, то наворбардор ва ношири видеоҳои ҷанҷолиро пайдо кунад. Аммо мақомоти давлати Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд.
Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки ин ташвиши волидони маҳбусҳо асос надорад, зеро ҳеҷ нафар ва гурӯҳе аз ин ниҳод ба хотири маълум кардани пахши навори видоеии маҳбусҳо дар интернет, ба зиндони Хуҷанд нарафтааст.