Article Pages

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвои Неъматҷон Ашӯрматов, як қурбонии шиканҷаро, ки зидди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиён шикоят бурд, қисман қонеъ кардааст. Додрас ВКД-ро ба пардохти 10 ҳазор сомонӣ зарар уҳдадор кардааст. Неъматҷон Ашӯрматов ду сол пеш бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд....

26.06.2026 - 11:15

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр кард. Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул карда шуданд....

25.06.2026 - 11:24

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Шарти инсондӯстӣ ҳангоми иҷрои ҷазо дар чӣ зоҳир мешавад? ПОСУХ: Дар раванди иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшуда танҳо маҳдудиятҳои зарурӣ ва кофии ҳуқуқҳои ӯ татбиқ карда мешаванд. Дучор кардани ӯ ба шиканҷа, муносибати бераҳмона ё...

25.06.2026 - 08:21

Шахсоне, ки мувофиқи моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон («Шиканҷа») ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида ё маҳкум шудаанд, аз рӯйи қоидаи умумӣ, нисбаташон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв», ки 16-уми июни соли 2026 ба имзо расид, татбиқ намегардад. Муаллифони таҳлили ҳуқуқии қонуни нави афв ба чунин хулоса омадаанд. Тавре дар ҳуҷҷат зикр мегардад, моддаи 143¹ КҶ ҶТ ба рӯйхати ҷиноятҳое...

23.06.2026 - 15:55

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ҳангоми интихоби чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ суд кадом меъёрҳоро ба назар мегирад? ПОСУХ: Ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирикунанда бо қарори суд нисбати гумонбар, айбдоршаванда ё судшаванда дар парвандаҳои марбут ба...

22.06.2026 - 14:14

19-уми марти соли 2026 шаҳрванд Неъматҷон Ашӯрматов, ки дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидааст, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо даъво нисбати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни зарар ба маблағи 280 000 сомонӣ муроҷиат кард. Ёдовар мешавем, ки 22-юми феврали соли 2024 Неъматҷон Ашӯрматов аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ...

19.06.2026 - 10:38

19-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор чорабиниеро барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ баргузор кард. Ҳадафи асосии чорабинӣ таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин...

19.06.2026 - 08:18

18-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чорабинии сайёр баргузор кард. Машваратҳо ба боло бурдани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ, инчунин маълумотнок сохтан дар...

18.06.2026 - 11:40

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Агар шахс барои адвокат гирифтан маблағ надошта бошад, ҳангоми боздошт ҳуқуқ ба ҳимоя чӣ гуна таъмин карда мешавад? ПОСУХ: Агар шахс ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз дошта бошад, вале натавонад маблағи хизматрасонии адвокатро пардозад ва мувофиқи...

18.06.2026 - 10:44

17-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) дар шаҳри Душанбе барои аҳолӣ машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ...

17.06.2026 - 14:19

Страницы