Article Pages

Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдаконро аллакай чанд даҳсола дар зиёда аз 60 кишвар рӯзи 1-уми июн ҷашн мегиранд. Ин ҷашни фирӯз на фақат барои хурсандӣ ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии онро метавон ба ҷамъият хотиррасон кардани зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон барои зиндагӣ, гирифтани маълумот, фароғат ва истироҳат ном бурд. Ин сокинони хурдакаки сайёраро бояд аз зӯроварии равониву ҷисмонӣ ҳифз...

03.06.2017 - 15:26

Рӯзи 26-уми май дар Тоҷикистон «Рӯзи адвокат» қайд карда мешавад. Адвокатураи маҳаллӣ, ки зиёда аз 80 сол боз фаъолият дорад, то имрӯз дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳм мегузорад. Таври маълум, фаъолияти адвокатӣ саҳлу содда набуда, аз адвокат донишу таҷрибаи васеъ, азхудгузаштагӣ, истодагарӣ дар мавқеи худ, бовиҷдонӣ мехоҳад. Ин фаъолият ҳамзамон барои адвокат то андозае хатарнок...

26.05.2017 - 10:40

Рӯзи 24-уми май дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва бељазої дар Точикистон дар мавзуи “Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: Имкониятҳо барои ҳамкорӣ” доир гардид. Сараввал аз ҷониби директори ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”...

25.05.2017 - 18:58

Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зима гирифтааст, ки гуфта мешавад аз сӯи кормандони пулис мавриди латту кӯби бераҳмона қарор гирифтаанд.  Ба гуфтаи адвокат Дагир Хасавов, муҳоҷирони тоҷик Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода моҳи феврали соли равон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони...

23.05.2017 - 19:32

Зиёдуллоев Зафар як нафар сокини шаҳри Панҷакент, ки облава гардид, бо вуҷуди бемориҳои зиёд доштанаш ҳудуди 10 соат дар комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст. Ҳарчанд масъулин "облава" шудани Зафарро инкор кунанд ҳам, вале ӯ қиссаро чунин нақл кард: «Маро соати 9-и саҳари санаи 17-уми май аз даруни маршруткаи хатсайри №5-и шаҳр се нафар доштанд, ки ду нафарашон либоси...

18.05.2017 - 14:33

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигори оҷонсии «Озодагон» Мижгона Ҳалимова, ки рўзи 11-уми май аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ҷарима шуд, тамоми маслиҳатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва кўмаки ҳуқуқиро расонида буд.  Дар посух ба иттилооти дар ВАО интишоршуда оид ба он, ки Мижгона Ҳалимова барои кўмаки ҳуқуқӣ ба...

18.05.2017 - 13:38

Ду масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор барои “ҷалби маҷбурии” Сайёд Ҳалимов ба хидмат ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Як мақоми Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Саъдулло Иброҳимов ва капитан А.Шарипов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.  Наздикони Сайёди 24-сола иддао доранд, ки гӯшаш ношунаво ва як дасташ каҷ буда,...

17.05.2017 - 17:43

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷикро рад намудааст. Дар ин бора Дилшод Ҷураев, адвокати наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов, имрӯз 11 май ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, додрас ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дуруст ва қонунӣ арзёбӣ кард. Ҷураев афзуд, ки наздикони сарбози марҳум тасмим гирифтаанд, ба Додгоҳи марҳилаи...

11.05.2017 - 15:49

Модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷик аз ҳукми 9 соли зиндон барои муттаҳам дар марги писараш изҳори норозигӣ карда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст.  Рухсора Ҷурахонова, модари Ҷаҳонгир, сарбози марҳуми қисми низомии 747-и шаҳри Душанбе 9 соли зиндонро барои лейтинант Ёрибек Саидов сабук хонда, аз Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ хоҳиш кардааст, ки ҳукми лейтинант бозбинӣ шавад....

10.05.2017 - 19:39

Дар инфографика бубинед, ки сарбози тоҷик ба чӣ ҳуқуқ дорад.

06.05.2017 - 12:46

Страницы