Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигори оҷонсии «Озодагон» Мижгона Ҳалимова, ки рўзи 11-уми май аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ҷарима шуд, тамоми маслиҳатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва кўмаки ҳуқуқиро расонида буд.
Дар посух ба иттилооти дар ВАО интишоршуда оид ба он, ки Мижгона Ҳалимова барои кўмаки ҳуқуқӣ ба созмонҳои ѓайридавлатӣ муроҷиат карда ва аммо дар ҳама ҷо ҷавоби рад гирифтааст (аз ҷумла, оҷонсии «Азия-плюс»), Эътилоф хабар медиҳад, ки «дар ҳақиқат моҳи феврали соли 2017 рўзноманигор ба мо барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва пешниҳоди адвокат муроҷиат кард. Аз ҷониби ҳуқуқшиносҳои Эътилоф ба ў мувофиқи асосҳои муроҷиат маслиҳати ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд. 15-уми марти соли 2017 ба Мижгона Ҳалимова барои кам кардани хатари муносибати бераҳмона ҳангоми тафтишот адвокат пешниҳод карда шуд, ки дар ҳамаи амалиёти тафтишотӣ иштирок намуд. Аммо чанде нагузашта, ў аз хизматрасонии адвокат дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона даст кашид».
Бояд зикр намуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон танҳо оид ба парвандаҳои эҳтимолияти истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона маслиҳати ҳуқуқӣ ва хизматрасонии адвокатӣ пешниҳод мекунад.