Прокуратура ба таҳқиқи шикояти эътилофи зиддишиканҷа аз милисаҳои "беадаб" шуруъ кард

Прокуратураи шаҳри Душанбе ба таҳқиқи шикояти Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи бадрафтории милисаҳо шуруъ кардааст, ки наворашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд.

Бино ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, айни ҳол, шахсияти милисаҳо, ба гумони ғолиб нозирони БДА, ки дар навори мазкур ҷавононро таҳқир ва лат кардаанд, муайян карда нашдуааст.

Дар ҳолати мушаххас шудани ҳуввияти онҳо ва собит шудани ҷурмашон, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз хоҳад шуд, -мегӯянд дар Прокуратураи пойтахт. 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ҳафтаи гузашта, бо ирсоли номае ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз ӯ хост дар мавриди навори зер, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн шуд, санҷиш гузаронад ва ба рафтори ғайриқонунии кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

«Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”.

Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд.

Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”.

Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст».

Эътилоф алфози қабеҳи милисаҳоро мавриди накуҳиш қарор додааст ва мегӯяд он ҳатто муғойир ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мебошад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш кардааст, ки нисбати навори шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» санҷиш гузаронад ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Маврид ба таъкид аст, ки ин аввалин бор нест, ки рафтори дағал, муомилаи дурушт ва ҳатто зарбу лати милисаҳо дар қолаби наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Чанд моҳ пеш ҳам таҷлили ҷашни ҳидуҳо Ҳолӣ дар маркази пойтахт муҷиби ғазаби милисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуда буд.

TojNews