Прокурор пора гирифтанашро аз маҳбус дар суд рад кард

Прокурор пора гирифтанашро аз маҳбус дар суд рад кард

Парвиз Қосимов, муфаттиши прокуратураи вилояти Суғд дар мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев имрӯз, 25-уми сентябр дар Хуҷанд ҳамчун шоҳид пурсида шуда, пора гирифтанашро аз маҳбусон рад кард.

Дар ин бора Файзинисо Воҳидова, адвокати Садриддин Тошев ба TojNews иттилоъ дод.

Бино ба қавли адвокат, Парвиз Қосимов иддаои маҳбусонро дар бораи пора гирифтанаш дар ҳаҷми ҳазор доллари ИМА рад кардааст.

Дирӯз зимни мурофиаи судӣ Илҳом Рустамов, яке аз маҳбусоне, ки пас аз шоҳидӣ додан дар қазияи марги Ҳамза Икромзода аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфта ва мавриди латукӯби шадид қарор гирифтаанд, иқрор шуд, ки Парвиз Қосимов ба ивази оғоз накардани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ, дар робита ба паҳн шудани наворҳои видеоӣ ба расонаҳо ду ҳазор доллар талаб карда, вай тавонистааст, ба прокурор ҳамагӣ ҳазор доллар пора диҳад.

Парвиз Қосимов, яке аз наздикони раиси собиқи вилояти Суғд ва ҳоло вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов аст, ки дар шимоли мамлакат аз доротарин ва бонуфузтаринҳо маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин ҳамаи маҳбусоне, ки дар ин мурофиа пурсида шудаанд, тасдиқ кардаанд, ки муфаттиши прокуратура Парвиз Қосимов онҳоро мунтазам латукӯб мекард.

Зимни мурофиаи имрӯзина Маҳмадов Аслиддин, яке аз маҳбусоне, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида иштирок дорад, гуфтааст, Алимардонов Гавҳар, корманди муассисаи ислоҳии рақами 3/2-и Хуҷанд 5-уми ноябри соли гузашта, вақте маҳбусонро аз пойтахт ба Хуҷанд интиқол доданд, бо дубинка ба пойи росташ зада, ҳоло ӯ ба як по мелангад.

Вакилони дифоъ мегӯянд, ки тасмим доранд рӯзҳои наздик алайҳи Парвиз Қосимов ба мақомоти прокуратура ва мубориза бо фасод бо аризаи расмӣ шикоят кунанд.

Дар латукӯби маҳбусон ҳангоми интиқол ба Хуҷанд шоҳидон ҳамчунин Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Диловар Арабов, сардорри муассисаи ислоҳии №3-и Хуҷандро айбдор кардаанд.

Онҳо дар мурофиаҳои қаблӣ нақл карда буданд, ки рӯзи расидани мошинҳои маҳбусон аз пойтахт ба Хуҷанд ду халта дубинка ба кормандони муассиса тақсим шуда, Иззатулло Шарипов шахсан фармони латкӯб кардани маҳбусонро додааст.

Парвин Ализода, сухангӯи Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба муроҷиати TojNews дар бораи шарҳи Иззатулло Шарипов, гуфт, ба номбурда танҳо дар рӯзҳои шанбе муроҷиат намоем.

Мурофиаи судии ду маҳбус Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки ба сохтани далелҳои айбдоркунӣ ва номураттаб сохтани фаъолияти муассисаи ислоҳӣ айбдор мешаванд, дар СИЗО ва муассисаи ислоҳии ЯТ9/2-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Суд талаби адвокатҳоро дар бораи ба толори суди шаҳрӣ гузарондани мурофиаҳо бо баҳонаи надоштани посбон рад карда, журналистон ба мурофиаҳо роҳ дода намешаванд.

TojNews