Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинии иттилоотиии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон менамояд. Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон...

02.07.2024 - 11:17

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.    

01.07.2024 - 11:14

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.            

30.06.2024 - 10:11

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад (22 майи соли 2016). Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба...

29.06.2024 - 10:08

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили...

28.06.2024 - 10:04

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.          

27.06.2024 - 18:31

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониён ва тамоми тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27-уми июн табрик мегӯяд! Ба шумо саломатии бардавом, иродаи мағлубнашаванда ва ифтихор аз миллату Ватан орзумандем. Бароятон фазои амну осуда, хушбахтии оилавӣ ва дастовардҳои беназир хоҳонем!         

26.06.2024 - 21:09

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.          

26.06.2024 - 10:11

Имрӯз, 26-уми июн Рӯзи байналмилалии СММ оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа аст. Дар ин рӯз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона чораҳои мушаххас андешанд. Ба ин рӯйхат эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA, Ӯзбекистон, дар...

26.06.2024 - 09:47

Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" ва бунёди Ҳолландии "Perspectivity Challenge" аз оғози чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 26 июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа хабар медиҳанд. Чорабиниҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, гузаронида...

25.06.2024 - 20:24

Страницы