Рамазон Раҳимзода: Дар нимсолаи аввал ба ВКД касе оид ба шиканҷа шикоят накардааст

Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 549 ҷиноят (дар соли 2018-ум 12482) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ягон ҳолати истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз ироаи омори солона, ба саволи рӯзноманигорон оид ба теъдоди парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 143, эзоҳи 1-и КҶ ҶТ (шиканҷа) вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода посух дод, ки дар нимсолаи аввал ягон ҳолати истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта чор нафар корманди ВКД тибқи ин модда гунаҳгор дониста шуда буданд. Парванда ба суд рафт. Ҳоло ҳукми суд набаромадааст ва барои ҳамин, тасдиқи он, ки онҳо гунаҳгоранд, ҷоиз нест…

Ёдовар мешавем, ки пештар Прокуратураи генералии ҶТ тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати чор нафар корманди РВКД дар шаҳри Душанбе, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо айбдор дониста мешуданд, анҷом дода, ба суд фиристод.

Дар нишасти матбуотӣ номашон садо надод, аммо мувофиқи баъзе маълумотҳои ВАО, онҳо муовини сардори ШҶҶ РВКД подполковник Фарҳод Нурхонов, зердастони ӯ Аваз Сабзаев ва Икромиддини Аҳлиддин, инчунин муфаттише будааст, ки ҳоло номаш ошкор карда нашудааст. Онҳо аз рӯи ду моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 143, эзоҳи 1 (шиканҷа) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ) гунаҳгор дониста мешаванд.

Парвандаи Исмонбой Бобоев: даҳсола «муаллақ»?

Рӯзноманигорон инчунин ба суол атрофи ҷараёни тафтиши парвандаи Исмонбой Бобоев, ки аллакай қариб даҳ сол боз «муаллақ» мондаасту айни замон оид ба ҷалби гунаҳгорони марги инсон ба ҷавобгарӣ сухане дар миён нест, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар шарҳи ин суол намояндаи раёсати тафтишотии ВКД ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳоло парванда барои омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҶТ супорида шуда, айни замон масъалаи ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани касе ба ҳайси гунаҳгор пеш гузошта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Исмонбой Бобоеви 30-сола дар Русия мезист ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Феврали соли 2010 ӯ барои дидорбинии волидон ва бо худ гирифтани духтараш, ки дар меҳмонии онҳо буд, ба Тоҷикистон омад.

Рӯзи 19-уми феврал ҷавон дар Исфара дар наздикии масҷиди асосии шаҳр аз ҷониби кормандони боздоштро амалинамудаи РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров боздошт гардид. Исмонбой Бобоев ба бинои РМЗҶМ-и вилояти Суғд бурда шуд. Худи ҳамон рӯз ҷавон дар утоқи кории номбурдаҳо ҷон дод.

10-уми марти соли 2010, мувофиқи хулосаи якумин ташхиси судӣ-тиббӣ сабаби марг «асфиксияи механикӣ» дар натиҷаи фурӯбарии забон гуфта шуд. Дар баробари ин, дар хулоса оид ба сабабҳои фурӯбарии забон баҳогузорӣ сурат нагирифта буд. Бо тақозои падари Исмонбой - Ҷӯрабой Бобоев эксгуматсия ва ташхиси такрорӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки Исмонбой Бобоев аз ҷароҳатҳои қувваи электрикӣ, бемории шадиди қалбӣ - рагҳо ва тангии роҳи нафас фавтидааст, ки бе шубҳа далели истифодаи шиканҷа ва марг дар натиҷаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро нишон медиҳад.

Тафтиши парванда оид ба марги Бобоев 7 маротиба қатъ карда шудаву аз нав бознигарӣ гардид.

Соли 2012 ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ин парванда шикояти фардӣ ирсол карда шуда буд. Моҳи августи соли 2017 Кумита муроҷиатро баррасӣ карда, қонунвайронкуниро аз ҷониби давлат тибқи якчанд моддаҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба манфиати Ҷӯрабой Бобоев - падари Исмонбой иқрор намуд.

Дар ҳамин ҳол, ба ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» моҳи октябри соли гузашта аз ВКД Тоҷикистон посухи хаттӣ ба дархост ворид гардид. Дар он гуфта мешавад, ки парванда оид ба марги Исмонбой Бобоев бо сабаби бемории гумонбаршудагон боздошта шудааст.

СММ интизори посух аст...

Зимнан, дар ихтиёри ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» нусхаи Шарҳҳои намояндагии доимии ҶТ дар назди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева аз 16-уми апрели соли 2018 қарор доранд, ки дар доираи раванди амалҳо нисбати Мулоҳизоти аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон санаи 19-уми июли соли 2017 вобаста ба хабарномаи № 2173/2012 қабулгардида аз ҷониби Кумита барои баррасӣ тибқи Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев ва Исмонбой Бобоев пешниҳод гардидаанд.

Дар шарҳҳои намояндагии Тоҷикистон дар Женева аз ҷумла гуфта мешавад:«... Айни замон аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ истеҳсолоти тафтишоти пешакӣ оид ба далели марги И. Бобоев аз сар гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ барои гузаронидани амалҳои тафтишотии такрорӣ ба РТ ВКД ҶТ ирсол гардидааст, ки дар рафти он ҳама далелҳои дар Мулоҳизоти аз тарафи Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ воридгардида ва аризаҳои намояндагони қонуниву адвокатҳои И. Бобоев санҷида мешаванд. Инчунин, масъалаи ташхиси ҳамаҷониба на танҳо бо иштироки кормандони баландтахассуси тиббӣ, балки бо ширкати мутахассисони дигар соҳаҳои илм баррасӣ карда мешавад».

Дар ин баробар, муаллифони Шарҳҳо ба зарурати пешниҳоди шарҳҳо аз ҷониби намояндаи қурбонии шиканҷа дар муҳлати муқарраргардида ишора мекунанд.

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

Ichrptj.org