Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар маркази робита ба ҷомеаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба қазияи латукӯби як навраси 12-сола Нусратулло Яъқубов дар бинои раёсати мазкур изҳор карданд, ки касе дар инҷо наврасро латукӯб накардааст.
Бино ба маълумоти раёсати мазкур, санаи 25-уми август дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Душанбе «амир»-и «Ҳизб-ут-Таҳрир» Абдураҳмони Абдуҷалоли 33-сола (қаблан Ҷалилов Хуршед) боздошт шуд, ки он замон Н. Яъқубов низ ҳамроҳи ӯ ҳузур дошт.
«Нусратулло Яъқубов ҳамроҳи якчанд нафар афроде, ки ба гумони узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар яке аз манзилҳои зисти пойтахт боздошт шуда буданд, ба бинои раёсат оварда шуда, ӯ ҳатто бозпурсӣ нашуд, зеро тамоми далели шайъӣ – варақаву адабиёти мамнӯъ мусодира гардида буд. Он рӯз модараш дар Душанбе набуд, аз ин рӯ, мо ӯро то субҳ дар бинои раёсат нигоҳ дошта, сипас ба назди хешовандонаш ба ноҳияи Рӯдакӣ фиристодем»,- гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи шикояти модари наврас ба Прокуратураи генералӣ санҷиш гузаронида шуда, он замон наврас дар Хуҷанд қарор дошт. «Онҷо бо ӯ кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд вохӯрда, ӯ дар назди модаркалонаш изҳор кард, ки касе ӯро бозпурсиву латукӯб накардааст»,- гуфт сарчашмаи хабар.
Дар робита ба акси пешниҳодшуда ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҷониби модари наврас, кормандони раёсати КДАМ изҳор намуданд, ки аввал мебояд мушаххас кард, ки ин акс кай ва дар куҷо гирифта шудааст.
Кормандони раёсат мегӯянд, ки наврас аз ҷониби падару модараш ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир" ҷалб гардида буд. Соли гузашта падари ӯ – Шарифҷон Яъқубов, собиқ амири «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардида, бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазояш то 18 сол кам карда шудааст. Дар зиндон ҳам Ш. Яъқубов ба корҳои раҳбарии аъзои созмон идома медод.
«Маводи ҷамъоварда гувоҳи он аст, ки Нусратулло Яъқубов (дар созмон ӯро «Набӣ ва Ҷонибек» ном мебурданд) бо супориши падари маҳбусаш тавассути почтаи электронӣ бо аъзои дар озодӣ қарордошта ва ҳамсарони аъзои зиндонишудаи созмон робита барқарор намуда, ба онҳо пул мебурд. Интиқоли маблағҳои пулиро Абдураҳмони Абдуҷалол назорат мекард. Бо истифода аз ноболиғ будани ӯ, падараш ба воситаи вай бо ҷонибдорони созмон тамос дошт»,- мегӯянд дар раёсат.
Дар раёсат зикр карданд, ки Абдураҳмони Абдуҷалол аз амири умумиҷаҳонии созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» Шайх Ато ибни Абуруштаи араб ду маротиба 5-ҳазордолларӣ маблағ гирифтааст. «Ин маблағҳо барои роҳандозии фаъолияти созмон, ҷалби аъзои нав ва дастгирии аҳли оилаи аъзои зиндонишудаи созмон таъин гардида буданд. Маблағҳо ба номи Фарангис Яъқубова, хоҳари калонии Нусратулло фиристода мешуданд. Сипас Фарангис ҳамроҳи модару бародари худ ба тақсими ин пулҳо ба афроди таъиншуда машғул мешуданд. Аз рӯйи ин далел хоҳару бародар ба бинои Раёсати КДАМ дар пойтахт оварда шуда, дар ҳузури модарашон бозпурсӣ ва худи ҳамон рӯз ҷавоб дода шуданд»,- иброз доштанд дар раёсат.
Ба иттилои кормандони раёсат, соли гузашта низ нисбат ба модари Нусратулло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале мувофиқи қонуни афв, ӯ озод карда шуд.
«Аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир» шумо (ОИ «Азия-Плюс»)-ро ба хотири роҳандозии ҳадафҳои худ истифода карданианд. Як рӯз қабл аз ташрифи Инобат Яъқубова ба идораи шумо, дар тавқифгоҳи КДАМ шавҳари ӯ – Шарифҷон Яъқубов огоҳ карда шуд, ки нисбати ӯ тибқи далелҳои нави ошкоршуда оид ба роҳбарии аъзои созмон дар зиндон парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад. Мо мутмаинем, ки ӯ бо ҳамсараш дар тамос шуда, аз ӯ дархост кардааст, ки атрофи ин қазия ҳангома барпо созад, то ки муфаттиши машғул ба парвандаи ӯро гунаҳкор намояд»,- гуфтанд дар раёсат.
Ҳамчунин зикр гардид, ки феълан аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир» аз чизе ҳазар надошта, ҳатто кӯдакон ва бародарону хоҳарони навраси худро ба фаъолияти созмон ҷалб мекунанд. «Дар яке аз номаҳои навбатии электронӣ аз маҳбас Яъқубов аз ҷонибдорони худ даъват кардааст, ки ба фаъолияти ҳизб наврасони 10-12-сола ҷалб карда шаванд»,- илова намуданд дар раёсати мазкур.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ба идораи ОИ «Азия-Плюс» модари наврас Инобат Яъқубова муроҷиат намуда, изҳор кард, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе писари 12-солаи ӯро ба ҳуҷраи кориашон оварда, муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ доштаанд ва ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ, латукӯб кардаанд.