Article Pages

Гузориш дар доираи вохӯрии кории “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ ва такмили механизмҳои тафтишот”, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд, омода гардидааст. «Эътилофи зидди...

02.07.2024 - 13:47

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинии иттилоотиии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон менамояд. Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон...

02.07.2024 - 11:17

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.    

01.07.2024 - 11:14

Рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирии он ва амалисозии механизмҳои тафтишот”, ки аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст, баргузор гардид. Иштирокдорони...

01.07.2024 - 10:44

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.            

30.06.2024 - 10:11

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад (22 майи соли 2016). Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба...

29.06.2024 - 10:08

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили...

28.06.2024 - 10:04

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.          

27.06.2024 - 18:31

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониён ва тамоми тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27-уми июн табрик мегӯяд! Ба шумо саломатии бардавом, иродаи мағлубнашаванда ва ифтихор аз миллату Ватан орзумандем. Бароятон фазои амну осуда, хушбахтии оилавӣ ва дастовардҳои беназир хоҳонем!         

26.06.2024 - 21:09

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.          

26.06.2024 - 10:11

Страницы