Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирии он ва амалисозии механизмҳои тафтишот”, ки аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст, баргузор гардид.
Иштирокдорони вохӯрии корӣ намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, коршиносони судӣ-тиббӣ, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд, ки дар якҷоягӣ мушкилоти мавҷударо баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли самараноки таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсонро муайян намуданд.
«Тоҷикистон барои татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф қадамҳои муайян гузоштааст. Аммо барои такмили қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таҳияи механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва институтсионалии тафтиши шикоятҳо дар бораи шиканҷа, расонидани дастгирӣ ва ҷуброн ба ҷабрдидагон ва таъмини ҷавобгарии шахсони гунаҳгор дар истифодаи шиканҷа барои ҷинояти содиршуда чораҳои иловагӣ заруранд”,- гуфт дар ифтитоҳи чорабинӣ мушовири Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сергей Штукарин.
Ба гуфтаи ӯ, таҳкими институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, механизмҳои мониторинг, ки аз ҷониби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мешавад, инчунин фароҳам овардани дастрасӣ барои нозирони мустақили байналмилалӣ ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ низ аз роҳҳои муҳими решакан кардани шиканҷа мебошанд, ки СММ дастгирӣ мекунад ва дар ин самт ҳамкориро бо ҳукумат ва дигар ҷонибҳои манфиатдор идома медиҳад.
Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 ташкил карда шуд.