Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
16-уми июли соли 2018 Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вохўрӣ намуд.
Намояндагони Эътилоф оид ба фаъолиятҳои худ дар самти огоҳнамоӣ ва муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар сухан гуфтанд. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои оянда дар самти ҳимоя ва рушди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодӣ аз шиканҷаро баррасӣ намуданд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2011 ба хотири муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Эътилоф зиёда аз 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи узви Эътилоф, адвокатҳо, рўзноманигорон, равоншиносон, коршиносони масоили адолати судиро гирди ҳам овардааст.