Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷаро дар Тоҷикистон қайд мекунанд

25-уми июни соли 2013, Душанбе. Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад.

Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро меёбад. Асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медиҳад, ки зимни боздошт ё дар маҳбас ба ҳалокат расиданд.

Се саргузашти дигарро шарикони Идора аз Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ирсол доштанд, ки қазияҳои мушобеҳро инъикос месозанд.

Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд.

Бахши дигари иқдомот муаррифии китоби мустанади «Тақдирҳои шикаста, зиндагиҳои рабуда» («Сломанные судьбы, отнятые жизни») мебошад, ки дар бораи 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Китоб фарогири хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон мебошад, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтаанд. Маҷмӯаи мазкур ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.

Ба ин чорабинӣ, ки дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа доир мешавад, созмонҳое низ пайвастанд, ки шомили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд. Намоишгоҳ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» гузаронида шуда, зимнан 2 ҳуқуқшиноси Эътилоф оид ба масоили пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона машварати ҳуқуқии ройгон медиҳанд.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.

Чорабинӣ рӯзи 25-уми июн, соати 17:00 дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии «Вефа» оғоз мегардад. Вуруд озод аст.

NoTorture.Tj