Рӯзи ҳуқуқи инсон ва инъикоси мавзуи шиканҷа дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон

Ҳамасола ҷаҳони муосир рӯзи 10-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад.

Таърихи ин рӯз вобаста аст ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон. Яъне 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса ин санади таърихӣ қабул гардида буд. Дар заминаи ин санад ва ин рӯз риояи ҳуқуқҳои асосии инсон талаб карда мешавад. Яке аз чунин ҳуқуқҳо озодӣ аз шиканҷа аст.

Бояд гуфт, ки соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ  моддаи 143, эзоҳи 1 (“шиканҷа”) ворид карда шуд. Ҳамон вақт нашрияи расмии давлатии “Ҷумҳурият” хабаре бо номи “Тоҷикистон мубориза алайҳи шиканҷаро тақвият медиҳад» (http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=8859) нашр карда, чунин маълумот дод: «Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуданд. Ба ин кодекс як моддаи нав (143) бо эзоҳи он бо номи "шиканҷа" ворид карда шуд. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъмини пойдории адолат, ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон аст».

Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон” ҳам баҳори соли 2012 дар ин маврид матлаб ба нашр расонид. Дар матлаби нашрия таҳти унвони «Шиканҷа қонуншиканист” (http://www.bonuvon.tj/index.php/tj/fe-rist/u-u/2030-2012-04-04-11-56-41) аз ҷумла омадааст:

- Ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 143, эзоҳи 1 илова карда шудааст, ки дар он кирдорҳои дар зер номбаршуда низ қонуншиканӣ маҳсуб мешаванд:

Моддаи 143, эзоҳи 1. Шиканҷа

1). Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) руҳӣ аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2). Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси бараъло ноболиғ ё нисбати маъюб;

г) бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3). Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошанд;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки хусусан баъди ворид гардидани моддаи махсуси «шиканҷа» ба Кодекси ҷиноятии ҶТ таваҷҷуҳ ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба озодӣ аз шиканҷа бештар шуд.

Моҳи майи соли 2012 нашрияи «Ҷумҳурият» бо нашри матлабе таҳти унвони “Пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Хуан Мендес” (https://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=9388) навишт, ки “Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Хуан Мендес - Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмонаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд. Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. "Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд",- изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. "Гузашта аз ин, роҳбарони сохторҳои Ҳукумати  Тоҷикистон тавсияҳои моро хуб пазируфтанд",- таъкид дошт ӯ.

Сарвари давлат аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки "ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд". Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст”.

Нашрияи “Садои мардум” бошад, моҳи январи соли 2014 матлаби таҳлилии намояндаи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони “Шиканҷа нисбати инсон дар ягон ҳолат раво нест» (https://sadoimardum.tj/minta-a-o/shikan-a-nisbati-inson-dar-yagon-olat-ravo-nest/) нашр кард.

- Шиканҷа вайронкунии ҷиддӣ ва дағалонаи ҳуқуқи инсон буда, тибқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон ҳолат бояд истифода нашавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокчии аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди шиканҷа мебошад, чӣ дар соҳаи қонунгузорӣ ва чӣ дар соҳаи институтсионалӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Бо мақсади ба меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқ гардонидани муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он моддаи алоҳидаи 143, эзоҳи 1 ворид карда шудааст, ки барои истифодаи шиканҷа ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Қонунгузории амалкунанда бо мақсади дар он муқаррар намудани кафолатҳое, ки барои пешгирии шиканҷа равона карда шудаанд, пайваста такмил дода мешавад. Моҳи июни соли 2012 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул гардидааст, ки ба судҳо дар масъалаи татбиқи дурусти қонун, аз ҷумлаи моддаи мазкур тавзеҳоти мушаххас медиҳад. Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастури илмӣ-методии «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа» таҳия шуд,- аз ҷумла навишта буд муаллифи ин мақола.

Ахиран, аввалҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо номи “Шиканҷа ва муносибати бераҳмона. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин раванд то кадом андоза муваффақ гаштааст?” (http://javonon.tj/news/social/shikan-a-va-munosibati-bera-mona/?sphrase_id=57661) матлабе нашр кард, ки исботи бетараф набудани расонаҳои давлатӣ дар масъалаи инъикоси масоили марбут ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аст.

- Давоми 9 моҳи соли 2022 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар аз шиканҷа шуданашон шикоят кардаанд. Гарчанде ин шумора дар муқоиса бо солҳои қабл хеле кам аст, вале мутахассисон мегӯянд, ки бештари шиканҷаҳо пӯшида мемонанд ва тасдиқи худро намеёбанд. Мавзӯи шиканҷа шудани шаҳрвандон дар конфронсе, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд, аз ҷониби масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳс қарор гирифт,- аз ҷумла навишт ин нашрия.

Ҳамзамон, нашрия аз як тағйироти чанд сол пеши ба гуфтаи коршиносон муҳим ёдовар шуд: “Соли 2019 вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон барои ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноятӣ, онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 соли зиндон онҳоро интизор аст. Парлумони Тоҷикистон 16-уми октябри соли 2019 тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноятиро қабул кард. Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст”.

NoTorture.Tj