Рӯзи Конститутсия муборак бошад!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6-уми ноябр табрик мегӯяд!

Ин ҷашн рамзи озодӣ, истиқлол ва ваҳдати халқи мо буда, рамзи суботу ободии кишварамон низ ҳаст. Дар ин ҷашн ба ҳар як шаҳрванд барои саҳмгузорӣ дар рушди кишварамон изҳори сипос намуда, ба ҳамагон сулҳу субот, некӣ, рӯзгори обод ва хушбахтӣ таманно дорем.

Бигузор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди ҳамаи мо дар ноил шудан ба комёбиҳо ва пешрафти кишвари азизамон бошад!

NotortureTj