Сабти нахустин ҳолатҳои “облава” дар мавсими даъвати баҳорӣ

Дар пасманзари ҳушдори вазири мудофиа ва дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кор набурдани роҳҳои ғайриқонунӣ зимни даъвати наваскарон, манобеи “Озодагон” аз нахустин ҳолатҳои “облава” дар навоҳӣ хабар доданд. 

Мунис Искандарзода, донишомӯзи 17-солаи литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри имрӯз, 5 апрел дар роҳи бозгашт ба хона дар ноҳияи Ваҳдат ҳадафи “облава” қарор гирифт: “Дар роҳ мерафтам, ки як нафар бо либоси мулкӣ аз пешам баромад ва аз дастам гирифта ба мошини “Мерседес” даровард. Он ҷо нафарони дигар бо либоси низомӣ буданд. Гуфтам барои хизмат ҳанӯз синам намерасад, соли таваллудам 1999 мебошад. Гуфтам дар литсей мехонам, бовар накарданд ва ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат бурданд. Танҳо баъди 2,5 соат, пас аз дақиқ кардани синну сол ва донишомӯз буданам, маро ҷавоб доданд”. 

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта 4 апрел аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки вазир Шералӣ Мирзо қабл аз оғози маъракаи даъвати наваскарон дар мулоқот бо масъулини тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ барояшон дастури Президент барои истифода накардани роҳҳои ғайриқонунӣ ҳангоми даъватро хотиррасон кардааст. 

Аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ оғоз гардид.

Ozodagon