Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шерхон Салимзода ва Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ намояндагӣ кунанд. Баъди ин ҳама ҳодисаҳои қатлу шиканҷа дар маҳбасҳои тоҷикӣ, ин ду дар СММ чӣ хоҳанд гуфт?
Қарор аст 4-уми марти соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева, ки 25-уми феврал оғоз гардид, Гузоришгари вижаи он оид ба шиканҷа Хуан Эрнесто Мендез аз натиҷаҳои боздиди нӯҳрӯзаи худ аз Тоҷикистон ҳисобот диҳад.Ин сафари ҷаноби Мендез соли гузашта аз 10-ум то 18-уми май сурат гирифта буд ва ҳадаф шиносоии наздик бо вазъи зиндонҳои кишвар ва ҳоли зиндониён буд.
Ҳарчанд то ҳол расман эълон нашудааст, вале эҳтимол меравад Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода намояндагӣ кунанд.
Табиист, ки дар ин ҷаласа як бори дигар нақзи ҳуқуқи зиндониён дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Ҳарчанд дар маҷмӯъ ҷаноби Хуан Эрнесто Мендез дар поёни сафари ёдшудаи худ дар сӯҳбат бо мудофиини ҳуқуқи бари кишвар аз вазъи зиндонҳои мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда буд.
Вале ба назар мерасад рӯйдодҳои ахир ва сару садоҳо дар мавриди шиканҷаҳои гӯшношунид дар маҳбасҳои кишвар наметавонад нодида гирифта шавад. Ин боз дар ҳолест, ки иддае аз волидайни маҳбусони таҳти шиканҷа то остонаи мақари Президент аз забони мушовири давлатии сарвари давлат бо гӯшҳои худ шуниданд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли зори фарзандони онҳо хабар надорад.
Баъди марги фоҷеабор ва мармузи Ҳамза Икромзода ва инъикоси густардаи он дар матбуот, ки боиси сару садои зиёд дар ҷомеа гардид, мақомот роҳи халосӣ аз расонаӣ шудани шиканҷа дар зиндонҳоро дар интиқоли маҳбусони саркаш ва шоҳидони марги Икромзода диданд.
Ҳарчанд додситонӣ дар мавриди таҳқиқи марги Икромзода парванда боз карда буд, вале анҷоми он касеро қонеъ намекард. Худкушии марҳум бар асари шиканҷа ҳаргиз исботи расмӣ наёфт, ҳарчанд даҳҳо тан омода буданд ба ин шаҳодат диҳанд. Вале шоҳидон ба Хуҷанд интиқол ёфтанд ва шиканҷаи онҳо он ҷо идома ёфт. Дар аввалин фурсат навори сабти телефонӣ аз ин шиканҷа дар расонаҳо паҳн гардид ва боз шаҳодатҳои дигар.
Додситонӣ ин ҳамаро ҳам мавриди санҷиш қарор дод, вале натиҷа боз ҳам на ҳамаро қонеъ мекард. Дар зиндонҳои Хуҷанд ҳамоно даст аз шиканҷаи маҳбусон набардоштаанд. Охирин касе, ки дар ин маврид изҳори назар намуд, падари яке аз онҳо Маҳмурод Ризоев буд, ки мегуфт: “Ҳафтаи охире, ки ӯро хабар гирифта будам, 11 дандонаш набуд. Зарби латукӯбе, ки дар бадани ӯ дидам...Ончунон задаанд, ки ҳатто ҳайвонро чунин наметавон зад.
Чунин рафтори онҳо бори дигар собит мекнад, ки баъзе масъулини зиндон аз одамият дуранд...”
Бо гузашти моҳҳо аз изҳори назари прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, ки шиканҷа дар зиндонҳоро эътироф мекард, вале “кам” мегуфт, бори дигар рӯ ба рӯ бо мудофиини ҳуқуқи башар қарор мегирад ва ба пурсишҳои онҳо посух мегӯяд.
Аз суханронии ӯ дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ панҷ моҳ сипарӣ шуд, вале дар ин миён ҳодисаҳои дигаре ҳам иттифоқ уфтоданд, ки ба коҳиши имидҷи сиёсии кишвар оварда расонданд. Салимзода ва Ализодаро лозим меояд ин гуна ҳодисаҳоро ҳам шарҳ диҳанд.
Вале оё метавон то ба абад худро сафед кард, ки шиканҷа зери назар аст ва бо он мубориза идома дорад? Ин боз дар ҳолест, ки сару садои он ҳар рӯз баландтар аз пеш ба гӯш мерасад? Ва боз: чӣ ҳам метавон ба мудофиини байналмилалии ҳуқуқи башар гуфт, дар ҳоле, ки омилини ин шиканҷаҳо на танҳо боздошт ва ҷазо дода намешаванд, балки сарваронашон соҳиби ҷоизаву рутбаҳои ҷашнӣ мешаванд?