Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, муваффақона ҷарроҳӣ шуда, таҳти муоинаи мунтазами ҳайати тиббии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, алҳол табибон ба бозпурсиву суҳбат бо ӯ иҷоза намедиҳанд, вале ҳарчанд зиёд гап задан ба ӯ тавсия нашуда бошад ҳам, сарбоз аллакай мустақилона ҳарф мезанад.
Бино ба иттилои манбаъ, сарбоз аз шуъбаи эҳёгарии бемористон ба палатаи муқаррарӣ гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 8 феврал Наҷмиддин Қаюмов, ки тирамоҳи соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, бо захми тир бистарӣ гардид. Ӯ нахуст дар госпитали ҳарбии пойтахт ва сипас дар Маркази миллии тиббӣ бо захми тир дар сараш бистарӣ шуд.
Санҷиши хизматии доиргардида аз эҳтимол дур намедонад, ки сарбоз худаш ба сараш тир парронидааст.
Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки сабаби ба сари худ тир холӣ кардани сарбози артиши Тоҷикистон Наҷмиддин Қаюмовро баъди баҳуш омадан ва суҳбат бо худи сарбоз метавон ошкор намуд.