Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Инак, банди №13-и Нақшаи миллӣ: «Шароити дар ҳабс нигоҳ доштани маҳбусон».
Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:
- Қабули Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ то соли 2025.
- Баррасии масъалаи зина ба зина васеъ намудани маблағгузории давлатӣ, аз ҷумла, ҷалби манбаҳои алтернативии маблағгузорӣ бо мақсади марҳила ба марҳила мутобиқ кардани шароити муассисаҳои пенитенсиарӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ.
- Баррасии масъалаи амалисозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо мақсади роҳандозии муқаррароти қоидаҳои СММ марбут ба муносибат бо занони маҳбус (Қоидаҳои Бангкок) ба танзим медароранд.
- Ба кормандони муассисаҳои ислоҳотии занона омўзонидани қоидаҳои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба муносибат бо занони маҳбус ва чораҳои ҷазо барои занҳои ҳуқуқвайронкардае, ки ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд нестанд (Қоидаҳои Бангкок).
- Мониторинги амалисозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз сил барои солҳои 2017-2020 ва Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо эпидемияи ВИЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
- Баррасии масъалаи таъсиси хадамоти мустақили тиббӣ оид ба расонидани кўмаки тиббӣ ба боздоштшудагону маҳбусон.
Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.