Шерик Карамхудоев худро бегуноҳ медонад

Шерик Карамхудоев худро бегуноҳ медонад

Баъди талошҳои беш аз як моҳа вакилони дифоъи Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо зерҳимояи худ вохӯрдаанд.

Шерик Карамхудоев аз ҷиноятҳое, ки мақомот ӯро дар содир карданашон айбдор мекунад, рад карда гуфтааст, бо оғоз шудани амалиёти низомӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ӯ мисли даҳҳо сокини Хоруғ дар талоши ҳимояи ҷони худ будааст.

Дар ин бора Ҳикматуло Сайфуллоҳзода, сухангӯйи ҲНИТ ТоjNews иттилоъ дод. Бобохон Ёқубов, вакили дифоъи Шерик Карамхудоев мегӯяд, -зерҳимояааш бо сари докапеч будааст ва гуфтааст ҳамаи захму доғе, ки дар баданаш дорад, натиҷаи латукӯб дар замони боздошташ дар Хоруғ мебошанд.

Давоми дар боздошгтоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта шуданаш, нисбати Шерик Карамхудоев, амалҳои шиканҷа сурат нагирифтааст. Баръакс, захмҳои бадани ӯ дар боздошгоҳи КДАМ муолиҷа карда мешаванд.

Вакили дифоъи Шерик Карамхудоев гуфтааст, зерҳимояш дар рӯзҳои оғози амалиёти низоми дар Хоруғ аз тарси он ки осеб набинад, чанд рӯз пинҳон шуда, баъдан худро ба нерӯҳои интизомӣ таслим кардааст. Сарбозон ӯро ба дасти кормандони мақомоти амниятии Тоҷикистон супоридаанд.

Шерик Карамхудоев ба вакили дифоъ гуфтааст, дар Хоруғ баъди боздошт мавриди латукӯб қарор гирифтааст, аммо намедонад, аз ҷониби кӣ шиканҷа дидааст, зеро дар давоми чанд шабонарӯз ба сараш халтаи сиёҳ пӯшонида буданд.

Шерик Карамхудоев тайи ду соли охир раисии бахши шаҳрии ҲНИТ-ро дар Хоруғ ба ӯҳда дошт. 24-уми июли соли ҷорӣ, дар пайи амалиёти махсуси низомӣ дар ВМКБ, наздикони Шерик Карамхудоев ба расонаҳо иттилоъ доданд, ки ӯ аз манзили зисташ ғайб задааст.

ҲНИТ дар такя ба мақомоти амниятии кишвар баъди ду ҳафта эълон кард, ки Шерик Карамхудоев аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ боздошт шуда, дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Моҳи августи соли ҷорӣ, тақрибан, баъди як моҳи боздошти Карамхудоев, Прокуратураи генералӣ, зимни як изҳорот дар бораи фаъолияти ҲНИТ, даст доштани ӯро бо гурӯҳҳои ҷинояткор таъкид кард.

Суди Олии Тоҷикистон баъди ёздаҳ рӯзи боздошти Шерик Карамхудоев, 4-уми августи соли ҷорӣ, ӯро ба ҳамдасть бо гурӯҳҳои муқовиматгар дар Бадахшон гумонбар эълон карда, ҳукми боздошти ӯро содир кард.

TojNews