Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2018 як парванда нисбат ба ду нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардида, муттаҳамон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда шуданд.
Раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён дирӯз, 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон шиканҷаро «масъалаи ҷиддӣ» унвон карда, гуфт, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаботи қонун риоя карда шавад ва ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст назананд: «Ин масъала зери назорати ҷиддии роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад».
— Соли гузашта аз ҷониби судҳо вобаста ба шиканҷа як парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар — ваколатдори калони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милиса Юлдошев Наҷибхон Тағоевич бо моддаҳои 143 қисми 3 банди «б», 358 қисми 1, 247 қисми 3 банди «а» ва ваколатдори хурди шуъба дар ноҳияи Ашт, раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, лейтенант Наимов Муҳаммад Саъдуллоевич бо моддаи 143 эзоҳи 1, қисми 3, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Тибқи ҳукми суд ба гунаҳгорон ҷазо ба муҳлати 13-солӣ дар колони ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд, — гуфт раиси Суди олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён.
Бино ба гуфтаи масъулини Суди олӣ, ҷабрдида Хоҷаназаров Комил, ки бо гумони иштирок дар фаъолият ва шиносоӣ бо аъзоёни ТЭТ ҲНИТ боздошт шуда буд, санаи 9-уми октябри соли 2017, тахминан соати 18 ба 19, бо роҳи буридани раги хунгарди дасти чап ва истеъмоли сирко ба худкушӣ даст зада, баъди 35 дақиқа дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт вафот кардааст.
Мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ рӯзи 29-уми январ гуфтанд, соли гузашта вобаста ба шиканҷа 4 парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст, ки аллакай дутояшро ба суд фиристодаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода рӯзи 31-уми январ, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли гузашта 13 муроҷиат вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид шудааст.
Ба гуфтаи омбудсмени тоҷик, аз 13 муроҷиат, ки дутояш аз ҷониби хешовандони маҳбусон будааст, дар рафти санҷишҳо ягон далели истифодаи шиканҷа тасдиқи худро наёфтааст.
Зариф Ализода танҳо зикр кардааст, ки аз рӯи чор ҳолат аз ҷониби прокуратура нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки ду парванда аллакай ба суд фиристода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан будааст.