Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
ИМА шиканҷаву азияти маҳбусон, маҳдудияти озодии баён, монеагузорӣ ба фаъолияти расонаҳои мустақил, инқирози озодиҳои динӣ ва хушунат бар зидди занонро аз мушкилиҳои умдаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад.
Департаменти давлатии ИМА гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи олам дар соли 2012-умро нашр намуд. Дар ин гузориш таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ, талош ба хотири демократия ва таҳдид ба озодии баён дар мамолики мухталифи олам пажӯҳиш шудааст.
Шоми ҷумъа котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар шаҳри Вашингтон гузоришро ба хабарнигорон муаррифӣ кард.
Дар бахши марбут ба Тоҷикистони ин гузориш омадааст, ки Тоҷикистон як кишвари худкомае мебошад, ки дар он президент Эмомалӣ Раҳмон ва пайравонаш, ки аксаран аз як минтақаи кишвар мебошанд, нуфузи сиёсӣ доранд.
Дар Тоҷикистон бар пояи сарқонуни ин кишвар низоми сиёсии бисёрҳизбӣ амал мекунад, вале ҳукумат ба плюрализм ё худ чандгароии сиёсӣ зиёд таваҷҷӯҳ надорад.
Департаменти давлатии ИМА дар миёни муҳимтарин мушкилиҳои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шиканҷаву азияти маҳбусон ва афроди боздоштшуда аз тарафи нерӯҳои амниятӣ, маҳдудияти озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот, монеагузории такрор ба такрори фаъолияти расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вебсайтҳо, инқирози озодиҳои динӣ ва хушунат бар зидди занонро номбар кардааст.
Ба навиштаи муаллифони гузориш дар ҳолатҳои зиёд худсарии мансабдорони нерӯҳои амниятӣ ва ҳукуматӣ бидуни муҷозот мемонад.
Департаменти давлатии ИМА навиштааст, моҳҳои июл ва августи соли гузашта созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки дар амалиёти Хоруғ мақомдорони давлатӣ ба куштори афроди мулкӣ роҳ доданд.
Амалиёт дар Хоруғ баъди куштори генерал Абдулло Назаров-раиси идораи амниятии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт. Тибқи гузоришҳои манбаъҳои давлатӣ ва мустақил дар ин амалиёт 12 афсари ҳукуматӣ ва тахминан 30 узви гурӯҳҳои ҷиноӣ кушта шуданд. Вале шумораи қурбониҳо дар миёни аҳолии осоишта аз 4 то 20 нафар ёд шудааст.
24-уми июл дар рафти амалиёти Хоруғ раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон Сабзаалӣ Маҳмадризоев ба қатл расид. Ба навиштаи департаменти давлатии ИМА чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса дар шабакаи Youtube суханронии Маҳмадризоев дар гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ ба табъ расид, ки дар он номбурда сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекард.
Хуллас, дар ҳафт бахши гузориши солонаи департменти давлатии ИМА паҳлӯҳои мухталифи мушкилиҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон зикр шудаанд.
Дар бахшҳои марбут бо мамолики дигари ин санад гуфта мешавад, ки кишварҳое шабеҳи Чину Эрон таъқибу маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандиро идома доданд. Дар Русия як силсила қонуну дастурҳое ба тасвиб расиданд, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд менамоянд.
Ба қавли департаменти давлатии ИМА соли 2012-ум дар саросари олам шумораи рекордии рӯзноманигорон-232 нафар зиндонӣ шудаанд. Муаллифони гузориш ёдовар шудаанд, ки соли гузашта дар Туркия 49 рӯзноманигор дар зиндон буданд.
Ҳамчунон дар гузориш таъкид шудааст, ки ҳукуматҳои зиёде ба муҷозоти занону ақаллиятҳо ва аз ҷумла муҳоҷирон ва ақаллиятҳои ҷинсӣ, иҷозат медиҳанд. Ба навиштаи департаменти давлатии ИМА пешрафти демократӣ дар Ховари Миёна “ноҳамвор” будааст.