Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Саидзода, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд писараш-Эмомалӣ, донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат шоми 19-уми май ҳадафи “облава” қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Саидзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт шудааст: “Ҳуҷҷати донишҷӯияшро нишон додааст, вале масъулини комиссариат ба инобат нагирифтаанд”.
Хабарнигори “Озодагон” дар пайи огоҳӣ аз ин қазия ба комиссиариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат ҳозир шуд, то асли ҳодисаро фаҳмад: “Вақте назди комиссариат расидем, соат 20:50 дақиқа буд ва волидайни чанд нафари дигар аз боздошти ғайриқонунии фарзандони худ гила мекарданд. Як ҳамсабақи Эмомалӣ Саидзода, ки дар он ҷо ҳузур дошт, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бояд бо Эмомалӣ кори курсӣ менавиштем. Бояд вомехӯрдем, ман аз ин тарафи роҳ будам Эмомалӣ аз тарафи дигар. Ногаҳон як мошин дар наздаш истоду гуфт “ҳе бача ин ҷа биё”. Ӯ фаҳмид, ки “облава”-ай ва рӯ ба гурез овард. Мара гуфт, “ту ҳам гурез, ки меқапандта”. Аммо мошин аз паси Эмомалӣ рафт, дигар намедонам чӣ шуд? Чанд бор ба телефонаш занг задам, вале банд мекарданд”.
Хабарнигори “Озодагон” афзуд, ки масъулини комиссариати ҳарбӣ ба суолҳо, ки чаро супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ дар мавриди кор набурдани “облава”-ро иҷро намекунед, бо баҳонаи набудан роҳбарият посух надоданд: “Равед ин гапҳора ба худшон бген. Буроед ай дарвоза...”
Исматулло Икромов, як сокини 50- солаи деҳаи кӯчаи Баҳористони деҳаи Холбеқараи шаҳри Ваҳдат, ки дар назди дарвозаи комиссариат ба “Озодагон” суҳбат мекард, гуфт: “Бори сеюм аст, ки писарам мавриди облава қарор мегирад. Писарам муаллими таърики мактаби рақами 39 ҳаст ва вақте аз мактаб барои қабули ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ мерафтааст, дар роҳ ӯро облава кардаанд. Боз туҳматаш карданд, ки гӯиё бо санг кормандони комиссариятро зада бошад”.
Исматулло Икромов афзуд, ки писараш Равшанҷони Исматулло қаблан низ ҳадафи “облава” ва латту кӯб қарор гирифта буд: “Ман гуфтам, ки ташхиси тиббӣ карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарам, вале маро зора карданд, ки ин корро накунам ва дар ивазаш писарамро озод карданд. Дар деҳа чанд нафари доранда ҳаст, вале кормандони комиссариат боз ба хонаи камбағалон мераванд. Писарамро туҳмат кардаанд, ки гӯиё кормандони комиссариятро зада бошаду шишаи мошинашонро шикастааст”.
Афроде, ки дар назди Комиссариати ҳарбии Ваҳдат ҷамъ омада буданд, аз қавли масъулини ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, “то ҷамъбасти даъват 70 нафари дигар намерасад, бояд нақшаро иҷро кунем”.