Шикоятҳо аз шиканҷа: асосан нисбати мақомоти корҳои дохилӣ

Таҳлили муроҷиатҳои ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тайи се соли охир воридшуда нишон медиҳад, ки бештари шаҳрвандон аз шиканҷаву муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шикоят доранд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2021 аз 23 аризаи ба Эътилофи зидди шиканҷа воридшуда 21 адад нисбати кормандони корҳои дохилӣ, як ариза нисбати Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва як ариза нисбати кормандони Хадамоти гумрук аст.

Соли 2022 аз 19 шикоят оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона 17 ададаш нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва 2 адади дигар нисбати КДАМ ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2023 аз 16 шикоят 15 ададаш нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ва як шикоят нисбати КДАМ ворид шудааст.

Ба андешаи коршиносони мустақил, сабаби асосии паҳн гардидани шиканҷа дар мақомоти корҳои дохилӣ низоми “чӯбдаст” аст, ки аз замони шӯравӣ мерос мондааст. Нишондиҳандаи калидии ин низом, ки аз рӯйи он ба фаъолияти милитсия баҳо дода мешавад, фоизи ошкор шудани ҷиноятҳо мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷамъбасти соли 2023 ин гуна маълумот медиҳад: «Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 13 ҳазору 350 ҷиноят ошкор шуда, ифшои ҷиноятҳо 80,6 фоизро ташкил медиҳад». Маҳз ҳамин нишондод бархе аз кормандони оперативӣ ва муфаттишонро маҷбур мекунад, ки бо ҳар роҳу восита аз боздоштшудаҳо «нишондод ба даст оранд».

Ба баъзе кормандони милитсия лозим мешавад, ки дар давоми се рӯз нисбати боздоштшуда айб эълон кунанд ва аз ин рӯ, ҳама чиз истифода мешавад: латукӯб, нафасгиркунии боздоштшудаи дар курсӣ басташуда бо противогаз, ворид кардани сӯзан зери нохунҳо - ба гуфтаи нафарони ҷабрдидае, ки ба Эътилоф барои кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд, ҳамаи ин ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби кормандони оперативӣ ва муфаттишон дар амал вуҷуд доштааст. Аммо аз ҳама шиканҷаи маъмул гузаронидани ҷараёни барқ дар ангуштони дасту пойҳо будааст.

Ба сифати намуна метавон яке аз ҳодисаҳои ахири марги "ғайриинтизор"-и боздоштшударо дар шуъбаи корҳои дохилӣ ба ёд овард. Абдуқаҳҳор Розиқов 3-юми январи соли 2023 баъди чанд соати нигоҳдорӣ дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб даргузашт. Вазорати корҳои дохилӣ фавран хабар дод, ки «Розиқов аз истеъмоли аз меъёр зиёди амфетамин фавтидааст». Аммо наздикони ин ҷавон тасдиқ карданд, ки дар бадани марҳум осори латукӯб ва шиканҷа мавҷуд буд. Бо вуҷуди талошҳои ВКД барои “ҳифзи либоси низомӣ”, Суди вилояти Хатлон моҳи июли соли 2023 се корманди милисаро, ки дар марги Розиқов даст доштанд, ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Вале ин ҳукм бештар аз як таҷрибаи муқаррарӣ дар кишвар истисно буд. Ба далели воқеан беҷазо мондани кормандони мақомоти қудратӣ, бисёре аз қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва наздикони онҳо аз тарси интиқом ва фишор аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хабар додан дар бораи чунин ҳолатҳо ба қарор омада наметавонанд. Аксар вақт ҷабрдидагони шиканҷа, ки аризаву шикоят пешниҳод кардаанд, бинобар кашолкории бюрократӣ ва саргардонии беохир дар марҳилаҳои гуногун аз шикояти минбаъда худдорӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, ба далели фишори ниҳодҳои давлатӣ худи вакилони мудофеъ низ аз ҳимояи қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона меҳаросанд ва аз ширкат дар ин гуна мурофиаҳои ҷиноятӣ даст мекашанд. Илова бар ин, бисёр парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҳолатҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа махфӣ маҳсуб меёбанд ва адвокатҳо маҷбур мешаванд дар бораи ифшо накардани парвандаҳое, ки кор мебаранд, розигинома имзо кунанд.

Аммо новобаста аз мушкилоти мавҷуда, аъзои Эътилоф фаъолияти худро идома дода, масъалаҳои озодӣ аз шиканҷаро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар амал пеш мебаранд. Яке аз дастовардҳои муҳим дар пешбурди амалисозии қонунгузорӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа - ин аз моҳи июли соли 2023 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он муқаррарот оид ба ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳолатҳои шиканҷа пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти нав, истифодаи шиканҷа барои талаби ҷуброни зарари маънавӣ асос шуда, дар парвандаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон мақомоти давлатӣ (на шахсони мансабдор) айбдоршаванда мебошанд.

Яке аз ҳолатҳои дигари мусбат 5-уми августи соли 2023 қабул шудани Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва аввалин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо таҳияи системаи муассири пешгирӣ, тафтиш, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин пешниҳоди воситаҳои муассири ҷуброни зарар, аз ҷумла ҷуброн ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву аъзои оилаҳои онҳоро дар бар мегиранд.

Натиҷаи кори Эътилоф афзоиши шумораи мурофиаҳо дар соли 2023 буд, ки дар ҷараёни онҳо ашхосе, ки дар истифодаи шиканҷа даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Нисбати 5 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳамаи айбдоршудагон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун бо адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

NotortureTj