Шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дар ШИЗО қарор дорад

Шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дар ШИЗО қарор дорад

Сунатулло Ризоев, маҳбуси 26-солаи маҳбасхонаи №2/3-и шаҳри Хуҷанд ва яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси №1-и пойтахт, се рӯз боз дар ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримагоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Дар ин бора Маҳмурод Одинаев, падари Сунатулло Ризоев имрӯз, 7-уми феврал ба ТojNews иттилоъ дод.

Сунатулло Ризоев яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор мебошад, ки рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои ҷазо дар маҳбас ба ҳалокат расида буд. Вай дар рафти парвандаи ҷиноятӣ нисбати марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додааст.

Баъди ҳодисаи марги мармузи Ҳамза Икромзода, 5-уми октябри соли гузашта, 59 нафар маҳбусони маҳбасхонаи №1 ба маҳбасхонаи №2/3-и Хуҷанд интиқол дода шудаанд, ки дар ин байн ҷаҳор маҳбусе, ки сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро шоҳидӣ додаанд, низ буданд.

Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати адлия нисбати дар ҷаримагоҳ нигоҳ доштани Сунатулло Ризоев изҳори беиттилоӣ кард.

Падари маҳбус мегӯяд, ки ҳоло писараш қурбонии ду ҳолати шоҳидӣ додан шудааст. Яке шоҳид шуданаш дар марги Ҳамза ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани вай ва маҳбусони дигар баъди интиқол ба маҳбаси Хуҷанд.

Сунатуллоро барои он дар ШИЗО ҷазо дода истодаанд, ки аз шоҳиди дар марги Ҳамза Икромзода ва шиканҷае, ки дар маҳбаси Хуҷанд нисбаташон содир шудааст, даст кашад.

“Писари ман мегӯяд, ки аз шоҳидӣ ва ҳақиқат даст намекашам. Ба хотири ҳазорон маҳбуси дигар, ки ҷони онҳо дар хатар меафтад. Сунатулло ва се нафар маҳбусе, ки дар марги Ҳамза шоҳид ҳастанд, бо супориши прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар назди Раёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати адлия ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шуданд, дар ҳоле ки ҳоло парванда рафта истодааст ва онҳо шоҳиданд, бояд ки дар Душанбе мебуданд...”,- мегӯяд Маҳмурод Ризоев.

Пайвандони Сунатулло Ризоев мегӯянд, ки ҳар лаҳзаи умри писарашон онҳоро нигарон кардааст. "Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон, Дастгоҳи иҷроияи Президент,
Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда истодаем, ки амнияти писари моро таъмин кунанд, аммо аз ҳеҷ ниҳоде акси садо намебинем",- мегӯянд онҳо.

Ин аввалин намуна ё сарнавишти нигаронкунанда аз ШИЗО ё ҷарима кардани маҳбусон нест. Ҳамза Икромзода ҳангоми ҷарима шудан ё дар ШИЗО нигоҳ доштан ба ҳалокат расида буд ва дар бадани вай чандин пайи ҷазо додан ҳам ошкоро намудор буд.

Ҳоло хонаводаи Сунатулло ҳам аз он нигаронанд, ки мабодо писарашон ҳамсони Ҳамза Икромзода “худкушӣ” накунад.

TojNews