Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 11-уми август дар назди супермаркети Би1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва назди истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо мақсади расонидани машварати ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон аксия доир намуд.
Ҳимоятгарони ҳуқуқ оид ба масоили гуногун - ҳуқуқи оилавӣ, меҳнатӣ, манзил, ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои мурофиавӣ барои муроҷиат ба мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва дигар мақомоти масъул бо ҳуҷҷатҳои дахлдор (ариза, шикоят, муроҷиат ва ғайра) кумаки ройгони ҳуқуқӣ расониданд.
Баъзе шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳои молумулкии зану шавҳар - ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва тақсими амвол, баъзеи дигар оид ба тақсими амвол ва пардохти алимент ба фарзандони ноболиғу волидони пиронсол саволҳо доданд.
Бисёриҳо ба масъалаҳои пардохтҳои андоз дар асоси Кодекси нави андоз (тағйироти соли 2022) ва ҳисоб кардани он аз рӯи формула ҳангоми кор дар чанд муассиса тибқи шартномаи меҳнатӣ, инчунин тартиби тасвиби шартномаи хизматрасонӣ таваҷҷуҳ карданд.
Дар бораи ҳуқуқ ба манзил саволҳои зиёд ба миён гузошта шуданд. Аз имзои шартномаи саҳм то шартҳои асосӣ ва масоили қонунигардонии амвол: тартиби муроҷиат ба Комиссияи қонунигардонии амвол, намунаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда. Дар бораи бақайдгирии мероси молу мулки ғайриманқул ҳангоми ба даст овардани ҳуҷра низ саволҳо ба миён омаданд.
Ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон вобаста ба Кодекси нави манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд аз 1-уми сентябри соли 2022 мавриди амал қарор гирад, инчунин дар бораи меъёрҳои нави ҳуқуқие, ки ба ин Кодекс ворид карда шудаанд, тавзеҳот доданд.
Аммо бештари саволҳо ба таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон дар ҳолатҳои марбут ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахл доштанд. Инҳо вобаста буданд ба ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқи боздоштшудагон, ҷавобгарии шахсони мансабдор барои боздошти худсарона, шиканҷа ва муносибати бераҳмона. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон фаҳмонида шуд, ки онҳо ҳуқуқ доранд аз шахсони мансабдор талаб намоянд, то худро муаррифӣ карда, ном, насаб ва мансаб, ҷои кор, инчунин шаҳодатномаи хизматии худро мушаххас нишон диҳанд. Инчунин, дар бораи он, ки вақте онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида мешаванд, ходимони қонун ҳуқуқ надоранд онҳоро зиёда аз 3 соат дар боздошт нигоҳ доранд ва онҳо ҳуқуқи талаб намудани муносибати шоиставу эҳтиромонаеро доранд, ки шаъну шарафро паст намекунад. Ҳамзамон, оид ба он, ки ҳамаи маҳбусон ҳуқуқ ба ҳимоя, дархости муоина, шаҳодаткунонии табиб, бохабар гаштан аз ҳуқуқҳои мурофиавии худро доранд ва дар сурати мавҷуд набудани далели гунаҳкорӣ фавран бояд озод карда шаванд.
Инчунин, дар бораи он, ки ҳангоми шиканҷа ва муносибати бераҳмона шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба прокуратура бо ариза дар бораи содир шудани ҷиноят дар шакли «шиканҷа» ва/ё «муносибати бераҳмона» аз болои шахси мансабдоре, ки аз он истифода бурдааст, муроҷиат намоянд.
Ба ҳар як муроҷиаткунанда воситаҳои тамос ва суроғаи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», инчунин дигар ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, то дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандон барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат карда тавонанд.
Зимни машваратҳо ба шаҳрвандон буклетҳо оид ба фаъолияти «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», инчунин буклетҳои мавзӯӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ба манзили муносиб, озодӣ аз шиканҷа ва дастрасӣ ба иттилоот тақдим карда шуд.