Article Pages

Як вакили дифоъ дар Русия ҳимояи ду шаҳрванди Тоҷикистонро бар зима гирифтааст, ки гуфта мешавад аз сӯи кормандони пулис мавриди латту кӯби бераҳмона қарор гирифтаанд.  Ба гуфтаи адвокат Дагир Хасавов, муҳоҷирони тоҷик Абдусамад Маҳмадалиев ва Муҳаммадшариф Давлатзода моҳи феврали соли равон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони...

23.05.2017 - 19:32

Зиёдуллоев Зафар як нафар сокини шаҳри Панҷакент, ки облава гардид, бо вуҷуди бемориҳои зиёд доштанаш ҳудуди 10 соат дар комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст. Ҳарчанд масъулин "облава" шудани Зафарро инкор кунанд ҳам, вале ӯ қиссаро чунин нақл кард: «Маро соати 9-и саҳари санаи 17-уми май аз даруни маршруткаи хатсайри №5-и шаҳр се нафар доштанд, ки ду нафарашон либоси...

18.05.2017 - 14:33

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигори оҷонсии «Озодагон» Мижгона Ҳалимова, ки рўзи 11-уми май аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ҷарима шуд, тамоми маслиҳатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва кўмаки ҳуқуқиро расонида буд.  Дар посух ба иттилооти дар ВАО интишоршуда оид ба он, ки Мижгона Ҳалимова барои кўмаки ҳуқуқӣ ба...

18.05.2017 - 13:38

Ду масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор барои “ҷалби маҷбурии” Сайёд Ҳалимов ба хидмат ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Як мақоми Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Саъдулло Иброҳимов ва капитан А.Шарипов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.  Наздикони Сайёди 24-сола иддао доранд, ки гӯшаш ношунаво ва як дасташ каҷ буда,...

17.05.2017 - 17:43

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷикро рад намудааст. Дар ин бора Дилшод Ҷураев, адвокати наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов, имрӯз 11 май ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, додрас ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дуруст ва қонунӣ арзёбӣ кард. Ҷураев афзуд, ки наздикони сарбози марҳум тасмим гирифтаанд, ба Додгоҳи марҳилаи...

11.05.2017 - 15:49

Модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷик аз ҳукми 9 соли зиндон барои муттаҳам дар марги писараш изҳори норозигӣ карда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст.  Рухсора Ҷурахонова, модари Ҷаҳонгир, сарбози марҳуми қисми низомии 747-и шаҳри Душанбе 9 соли зиндонро барои лейтинант Ёрибек Саидов сабук хонда, аз Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ хоҳиш кардааст, ки ҳукми лейтинант бозбинӣ шавад....

10.05.2017 - 19:39

Дар инфографика бубинед, ки сарбози тоҷик ба чӣ ҳуқуқ дорад.

06.05.2017 - 12:46

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми май дар нишасте бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот хабарнигорон ва расонаҳои фаъоли кишварро бо туҳфаву дипломҳо қадрдонӣ кард. Дар ин нишаст, ки бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ, АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон...

05.05.2017 - 13:18

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи «Ҳаракат барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз кард. Мақсади умумии лоиҳа решакан намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон аст. Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳа Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша) буда, ба амалисозии он чор ташкилоти...

02.05.2017 - 10:10

Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд.  Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рӯшон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" шуд, омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои...

01.05.2017 - 16:12

Страницы