Article Pages

Пайвандони як донишҷӯ дар Душанбе аз як афсари милиса шикоят доранд, ки ҳамроҳи 5 шарикаш писари онҳоро ҳангоми тарбузфурӯшӣ латтукӯб кардаанд. Мақомот мегӯянд, қазияро таҳқиқ мекунанд. Пайвандони Қаноатзода Сорбони Тағдиршо, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт аз тарафи Низом Баротов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи...

28.06.2014 - 03:38

Созмонҳои миллӣ ва байнулмилалии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал меоранд, ки шиканҷа ва беҷазоиро хотима бахшанд. 26-уми июни соли 2014, дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, Эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорад, ки ба таври ошкоро ва қотеона шиканҷаро маҳкум карда, чунин мавқеъгирии...

26.06.2014 - 15:57

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро барои бадрафторӣ бо сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳи ҳарбии Душанбе дар...

19.06.2014 - 14:29

Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 июн дар додгоҳ гуфт, набояд товони зарари Шаҳболро танҳо ба гардани ӯ бияндозанд. Шарафҷон Нарзуллоев, додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 11 июн аз Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба...

11.06.2014 - 17:43

9-12 июни соли 2014 Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқӣ инсон барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд. Иштирокчиёни тренинг тӯли чор рӯз ба...

06.06.2014 - 11:24

Парвандаи марги мармузи сарбозе, ки мақомоти қисми низомӣ мегуфтанд, нон дар гулӯяш дармонда, сабаби маргаш шудааст, ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рафтааст. Додситони ҳарбии гарнизони Суғд таҳқиқи парвандаи сарбози қисми ҳарбии марзбонии воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ сержанти хурд Давлатов Фаррухро, ки бар асоси моддаи 391, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба «сӯиистифода аз...

05.06.2014 - 23:21

Додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе рӯзи 2 июн ба муҳокимаи парвандаи бадрафторӣ нисбат ба навсарбоз Шаҳбол Мирзоевро шурӯъ кардааст. Худи Шаҳбол ба далели саломатиаш дар ин додгоҳ ширкат карда наметавонад. Додгоҳи гарнизони низомии пойтахти Тоҷикистон рӯзи душанбе, 2 июн муҳокимаи парвандаи сарбози нирӯҳои марзбонӣ Усмон Ғайратовро оғоз кардааст. Усмон Ғайратов ба он айбдор мешавад, ки...

02.06.2014 - 21:32

Имрӯз дар Алмаато конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа: таҷрибаи Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зиддишиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард. Дар ҷараёни ин ҳамоиши серӯза шабакаи ғайрирасмии созмонҳои ҷамъиятии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади муборизаи муштарак алайҳи шиканҷа таъсис дода мешавад...

27.05.2014 - 16:34

Наздикони сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Файзалӣ Давлатов мегӯянд, маъмурони полис ӯро дар боздоштгоҳ ба андозае шиканҷа додаанд, ки ниёз ба ҷарроҳӣ ва табобат дорад, аммо мақомот аз тарси фош шудани қазия барои ташхис ва табобат шудани ӯ иҷоза намедиҳанд. Дастагул Давлатова, хоҳар ва вакили мудофеи ин боздоштшуда мегӯяд, зерҳимояаш ба ҳадде латту кӯб шудааст, ки бинӣ бо қисме аз пешонӣ...

27.05.2014 - 14:39

ВКД мегӯяд, Саймурод худ аз пул афтода ва ба ҳалокат расидааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи марги як сокини Нуробод, ки ҷасади ӯ аз зери як пул пайдо шуд, мегӯяд, ки ӯ худ аз болои кӯпрук афтода ва ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 май ҳодисаи марги як сокини Нурободро, ки ба иддаои наздиконаш ба идораи пулис бурда шуда ва ҷасадаш ду рӯз баъд аз...

02.05.2014 - 16:12

Страницы