Вохўриҳои Эътилоф бо ҳомиёни ҳуқуқ аз ноҳияҳои тобеи марказ оғоз ёфт

Силсилаи вохўриҳои иттилоотии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзҳои 7-8-уми апрел дар шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Дар вохўрии ШВКД-и шаҳри Турсунзода 50 ва дар вохўрии ШВКД-и ноҳияи Файзобод 30 нафар иштирок карданд. Дар вохўриҳои иттилоотонӣ ин мавзуҳо баррасӣ карда шуданд: «Кафолати ҳуқуқи инсон ҳангоми боздошт ва давраи тафтишоти пешакӣ», «Ворид кардани тағйирот ба КМҶ ҶТ оид ба ҳуқуқи боздоштшудаҳо», «Пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ», «Натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон».

Ба ҳайси тренерҳо намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Нидоев Ҳ. ва узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Холматова Г. баромад карданд.

Дар назар аст, ки вохўрии иттилоотонии оянда дар ШВКД-и ноҳияи Темурмалик рўзи 14-уми апрел баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми март силсилаи вохӯриҳои иттилоотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оғоз карда буданд.

Ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ дар вохӯриҳо стандартҳои ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва шахсони дар ҳабс қарордошта, тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нафарони боздоштшуда, инчунин фаъолият дар самти мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо мақсади огоҳонидан аз шиканҷаро баррасӣ мекунанд.

Вохӯриҳо дар шакли муаррифӣ ва баҳсу баррасиҳо сурат мегирад. То охири моҳи май 14 вохӯрӣ дар назар гирифта шудааст.

«Эътилоф чунин меҳисобад, ки ин вохӯриҳо хеле муҳим ва саривақтианд, чун дар ҷараёни чунин чорабиниҳо имкони гуфтугӯ дар бораи стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва озодӣ аз шиканҷа имконпазир аст ва масъалаҳое, ки бо онҳо ҳам намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҳам адвокатҳову ҳуқуқшиносон дучор мегарданд, баррасӣ мешаванд. Мо хушҳолем, ки Вазорати корҳои дохилӣ ин иқдоми Эътилоф ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дастгирӣ намуд ва умедворем, ки имконияти доимӣ гузаронидани чунин чорабиниҳоро хоҳем дошт,- мегўяд намояндаи Эътилоф Нигина Баҳриева.

Бояд гуфт, соли 2016 Эътилоф дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ВКД 13 вохӯрии иттилоотонӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои кишвар гузаронида буд, ки дар онҳо зиёда аз 400 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок карда буданд.

NoTorture.Tj